Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Шоҳ нахустин бор шоҳии чиниро дид.
Чунин қадршиносиҳо нерў бахшид Искандари беморро. Вале чунин ҳадяи зиёд кори мақдуниёнро душвор кард. Зеро боз киштӣ лозим буд, то ин борро то Мағриб барад.
Падари Рахшон Оксарти суғдӣ низ ин хабарро шунида, то аз бистари беморӣ хестани домод расида омад бо сипоҳи хеш ва духтарро хаставу абгортар аз шоҳ дарёфт. Фармондори суғдӣ он қадар аз рангу чеҳраи заҳири духтар дилафгор гашт, ки аз бемории шоҳ нагашта буд. Ў Искандарро хоста бахшид, дилдориву дилбардорӣ кард, вале зиёдтар дар сўҳбати Рахшон шуд:
«Ҳолат чун аст, духтарам?»
Духтар ба пурси падар гирист. Падар пиндошт, ки Рахшон аз ҳоли шоҳ гиря мекунад, фармуд:
«Ғамӣ мабош, Искандар беҳӣ ёбад, боз шоҳи оламгир монад...»
Ҳарфи падар анҷом напазируфта Рахшон сар таконд ва оби чашм биситурд.
«Маро ғами ў набувад.»
«Пас чаро бигирйӣ?»
«Нанаамро пазмон шудам.»
«Нанаат тандуруст. Зиёд пурсиду пайғомҳо фиристод. Бародарат Спитамон низ нерў мегирад... Як чизро махфӣ бигўямат:
пури Спитамони ял Ардашер зинда монда. Чўпоне ўро аз миёни шахҳои ғори Суғд пайдо карда бо худ сари мол бурда будааст.
Ҳоло пайдо шуд...»
«Модараш зара...»
«Зарра нобуд гашта... Ҳолиё Ардашер ҳамроҳи бародарат Спитамон аст. Ҳамҷоя дарс меомўзанду тарбият мегиранд...»
«Онҳоро эҳтиёт бикун, падар, Суғдро сипар хоҳанд шуд.»
«Оре, духтарам, ту хешро эҳтиёт бикун ва ғами Суғдро махўр.
Суғд мулкест, ки ҷуз суғдиён касеро насиб накунад.»
Сипаҳбадон Гефестион, Кратер, Неарх ва чанде дигар низ умед канда буданд, ки шоҳ дигар нахоҳад бархест. Аз ин рў ҳар кадом хешро лашкаркаш хонда, яке аз дигаре бим карда лом гуфта наметавонист. Гирди саройи ў метаниданд. Лисимахи бузургтар ба сол ҳамаро аз сари болини ў ронда, гоҳе Барзину гоҳе Рахшонро роҳ медод ва Гераклро таъкид мекард, ки аз назди падар наҷунбад.
Бо вуҷуди уқубати зиёд ва беэътинойӣ дидан Барзинро дил сўхт ба ҳоли шоҳ ва зиёд андешид, ки чӣ шавад.
«Ғамгин машав, Искандар, шифо ёбӣ...»
Искандар чашм кушода Барзинро дид ва донист, ки чизе яқин гашта ўро. Табассум карду мижгон ба ҳам фишурд. Барзин низ чунон кард. Пас сар тофта ба писар нигарист. Даст ёзида аз гарданаш ҳалқа гардонд ва оҳиста гуфт:
«Модаратро гўш бидеҳ...»

пешина
аз 411
навбатӣ