Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Искандар аз бистари беморӣ бархест ва боз сипаҳбадон дар гирдаш таниданд. Нахуст шўришҳои хурду бузургро фурў нишонд, бараҳманҳоро зиёд кушт, шаҳру вилоятҳоро ба хок яксон кард, сўхт, ғорат кард ва рабуд. Касонеро, ки ҷон азиз буд, хештан ба ғуломӣ фурўхтанд.
Тобистони соли се саду бисту панҷуми то милод, гоҳе ки хуршед ба бурҷи Хўша омада буд, сипоҳи Искандар рў-рўйи мавҷҳои рўди Ҳинд равон шуд сўйи вилояти Паттал. Ин бор низ осон набуд сафари ў. Се қабилаи ҷанговари ҳиндӣ, ки андар рўдбору соҳили Ҳинд сукунат доштанд, омадани меҳмонони нохондаро хуш накарда, ба ҷанг бархостанд. Мусикан, Портикан ва Самбо волиёни ин қабилаҳо буда, то вилояти Паттал фармонфармойӣ мекарданд. Искандари аз захми тири ҳиндувон сахт аламкашидаву ба хашм омада дубора шўрид аз кирдори ин роҷаҳо ва ситезид ба сони хирси захмӣ. Портиканро бо машаққат бикушт, Самбо фирор кард. Чун ба яке аз хиттаҳои зархезу бобаракати Ҳинд расид, волии он Мусикани даҳмардагўй бишўрид бар зидди аҷнабӣ, то мулки бобаракати ў мутеъ нагардад душманро. Вале чун пархош сахт омад ва адў беамон буд, роҷаро воҳима гирифта, шамшер аз дасташ афтид ва аз тарс тохт ба пешвози шоҳ. Ва бо хоставу инъоми зиёд шоҳ Искандари ҷаҳонхоҳро пешвоз гирифт. Искандар ўро баргардонд ва фармуд ба пазироии сипоҳи ў омода гардад.
Чунин рафтори Мусикан намуна гашт, ки дигар волиён низ ўро пайрав гашта, кишвару мардум ба шоҳи мақдунӣ пешкаш карданд.
Саранҷом бо тохту хунрезиву ғорат ва пазироиҳо Искандар то вилояти Паттал расид.
Рахшон боз ёдовар шуд:
«Искандар, паймон карда будӣ, ки дигар хун нарезӣ?»
«Оре, Рахшон, паймон карда будам, вале ин хомхаёлҳо паймони маро шикастанд. Ман маҷбур шудам шарафи сипоҳ ва Мақдуниёро ҳимоя кунам.»


Сипоҳ ба се ришта тақсим шуд: Кратер пеш овард, ки бо роҳи
Арахозия рафтан камташвиш ва наздик аст. Бо рухсати Искандар
фавҷҳои Аттали Тимфейӣ, Мелеагри писари Неоптолеми мақдунӣ,
Антигени сарсипоҳи фавҷи симинсипар ва чанд даста аз тирандозону горди «дўстон» ҳамроҳ гирифта, аз нимароҳ ҷудо шуд аз дастаи
шоҳӣ ва фавҷи дарёгарди Неарх. Муҳимтар аз ҳама ҷанговарони
собиқадори мақдунӣ ҳамроҳи ў буданд, ки бо хиттаҳои шимолии халиҷи Порс роҳ сипарданд ба сўйи Персопол... Искандар
бо рўдбори Ҳинд рў ба ҷануб овард ва ҳамроҳи фавҷи Неархи
дарёнавард шиноварӣ кард. Ошўбҳое ки андар Суғду Бохтар рух
дода буд ва асирони эллинӣ ба ёди ватан сар бардошта буданд, Искандарро ба ташвиш овард, вале бозгаштан аз роҳ машаққате дошт ва ё ёди ватан намегузошт, то шоҳи мақдунӣ чунин рафтор кунад.

пешина
аз 411
навбатӣ