Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Танҳо хабари шоҳро мурда пиндошта исён кардани асирон ва ё фарзандони баномуси кишвару хиттаҳои Осиёи Марказӣ шоҳро аён нагашта буд, вагарна чунин ният метавонист ўро аз роҳаш боздорад. Ва ў сипаҳбад Гефестиони хубчеҳрро бо канори рости рўдбор ва фавҷи савори Пифони Агенорро, ки Искандар фармондори Ҳинд хонда, то даҳонаи рўдбори Ҳинд ўро бахшида буд, бо соҳили чап раҳнамун карда, баъди се рўз то вилояти назди резишгоҳи рўди Ҳинд – Паттал расид. Шаҳрро холӣ аз мардум дарёфта ҳайрон монд ва сарбозони чобуксавору бодпоро ба ҳар сў фиристод, то атталиҳоро дар ҳар ҷо пайдо карда, бигўянд, ки лашкари мақдунӣ бо онон сару коре надорад; озору шиканҷа нахоҳад дод, осуда ва дилпур баргарданд ба маконашон. Баъзе бовар карда баргаштанд, бархе кўчӣ шуданд. Ва шоҳ Гефестиони дилобхўрро фармуд дар ин мавзеи хубмавқеъ шаҳраку кўшку кохе бунёд кунад, то сипоҳи мақдунӣ хешро ломакон ва мусофир набинад. Ва Неархи дўсти ҷавониашро фармуд то бархостани боди шурта андар даҳонаи Ҳинд нигарон шавад ва пас ба сўйи рўди Фурот шиновар гардад.
Гоҳе ки хуршед андар бурҷи Тарозу маъво гирифта буд, боди самум бархост ва Неархи дарёгард сафинаҳои ҷангиву боркаш ба дарёи Араб андохт. Киштиҳои бешумор чун чўҷаҳои бат рўйи баҳрро пўшиданд. Искандар бо дастаи боэътимоди хеш селаи мурғони обиро гуселониданӣ баромада буд. Машаққат ва бори гароне ки муддати нўҳ моҳ андар рўдбори Ҳинд бар дўш дошт, ба назар паси сар шуд ва ҷуз шодмонӣ пеши рўй чизе набувад.
Вале коре шуд ношуданӣ. Чун соли пешин худоёни Осмону Замин қудрати хешро намоиш доданд ба сипоҳи Искандар: аз баҳр боди муссон бархост, гўйӣ баҳрро ба ҷўш овард андар чойҷўш, ки медамиду мерехт. Чунон тўфоне шуд, ки мақдуниён надидаву нашунида; киштиҳоро бозпас овард чу партобҳо ба даҳонаи рўдбори Ҳинд. Дарёи Араб мадд дошт, кафк карда буд чу шири дамида. Мавҷҳо кўҳа-кўҳа меомаданду мешикастанд ва киштиҳоро меандохтанд ба канор. Киштинишастагони дасту пой солим бо амри сипаҳсолор сафинаҳоро ба соҳил мекашиданд ва оби ҳуҷумовар аз паси онҳо ҳамаро зеру забар мекард.
Искандар пешонӣ бар каф ниҳод, ки чӣ рўзест. Дерёз андешид ва дарёфт, ки худоношиносӣ кард; худои Зевс ва Крону Райро аз ёд дод. Бар замми он савгандзада шуд: савганду паймони бо Рахшон бастаро шикаст – боз хун рехт; Барзинро хор дошту ба пешгўйиҳояш бовар накард; селборону обхезиҳои баҳори гузашта низ панд нашуд; хуни зиёд рехт; қатли ом фармуд ва ба ғазаби худои баҳр гирифтор шуд... Шоҳ бифармуд қурбониҳо кунанд ба номи худоёни ғазабкарда.

пешина
аз 411
навбатӣ