Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чун маросими қурбонӣ гузашт, сафинаҳо фиристод ба баҳр, то ҷазирае пайдо кунанд...
Шоҳи мақдунӣ яқин кард, ки ҷуз худои Зевси Барроқ касе хашм нагирифта бар ў. Зеро худованде, ки Искандар аз хурдӣ эътиқод бар ў дошт, аз ёди шоҳ рафта ва худоёни бегонаро пазируфта барои нафсу барори кор. Акнун пушаймонӣ дорад, вале судашро набинад. Боз қурбониҳо фармуд ба номи писари худои арзу само Зевси Барроқ, ки медонист замоне баҳри Миёназамин ин Худовандро итоат карда ва ҳолиё саркашиҳо дорад уқёнус ва қудрату тавони хеш нишон диҳад. Шояд аз он бошад, ки Искандар хуни одамӣ ба обҳо омехт. Шоҳи дурбини кўтоҳназар аз хурўшу ситез ва ғалаёни хуни ҷавонӣ ва сари шўрида, бар қасди хуни порсиён олам зери сум оварданӣ шуд; асбаш Бусефал фавтид, рўдҳо пеши роҳаш дамиданд, селобҳо сарбозонашро куштанд, ба ифоқа наомад; ин ҳама бонги хатар буд, ўро гуфтанду огоҳ карданд, нафаҳмид ё хеш ба нофаҳмӣ зад. Инак нигарон аст, то кай боди шурта бархезад. Дубора баргашт ба шаҳри Аттал. Обу дон фаро овард – зоди роҳ.

БАНДИ ПАНҶУМ

Чун боди шурта бархост, лашкари Искандар рахти сафар барбаст. Вале Искандар роҳи пурхатареро пеш гирифт. Неархи ёри навҷавониашро бо баҳр гуселонд ва худ бо соҳили рости баҳри Араб роҳ паймуд, ки ҳама вақт бо Неархи дарёгард ҳамсоя бошад.
Пеш аз Искандар шоҳону лашкариёни зиёд рафта бо ин роҳ, вале касе ба мурод нарасида. Шитоби Искандар аз он буд, ки ҳар чӣ зудтар мехост аз ин мулки пурхатару сеҳрангез дур шавад. Вале роҳи пазируфтааш пурхавфтар аз ин мулк омад; қавму қабилаҳои кўчиву бадавӣ дучор меомаданд сари роҳ; ситез доштанду шўр ва чу роҳзанҳо бар лашкари румӣ ҳамлавар мешуданд, шабохунҳо мезаданд. Шоҳи таҷрибаандўхта ҳамаро қалам мекард чу най, мерабуду месўхту валангор мекард; серӣ надошт чу баҳр. Даҳ рўз роҳ сипарданд аз Паттал то заминҳои арабҳову ориён, ки дар ҷое ҳиндувон ва дар ҷое ориён сукунат доштанд; яке гурехту дигаре таслим шуд. Искандар аз он хашм гирифта буд, ки қабилаҳои ноогоҳ аз кирдори шоҳи мақдунӣ дар чунин азобу шиканҷаи ў дасти ёрӣ дароз накарданд. Ва ў сари ғазаб сипоҳ ба ихтиёри сипаҳбад Гефестион гузошта, дар як шаб паймуд биёбонро ва баробари кафидани чашми рўз ба марзи ободи қабилаҳо расид. Чун қабилаҳо ба ҷанги румиён омодагии сахт гирифта буданд, шоҳи мақдунӣ ситехту овард кард ва ҳазоронро аз дами теғ гузаронд.
Леоннат ва Биталомуси ошно ду боли ҷангии Искандар буданд.
Осон забт кард ва Аполлофонро фармондори шаҳри Оритида ва кишвари Гидросия хонд. Обу дон гирифт. Идома дод роҳро.

пешина
аз 411
навбатӣ