Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Биёбони хушку гармои Араб, гушнагиву ташнагӣ ба ҷон оварда буд сипоҳро. Сутурони боркаш роҳ рафта наметавонистанд.
Дар чунин вазъу ҳол шоҳи шабравро созгор буд, то шабҳангом роҳ паймояд. Бо ҳазор ранҷу азоб лашкар ба водие расид, ки рўдаке дошт. На танҳо касон, балки аспон заданд хешро ба об.
Шутурони биёбонгард аз ҳисоби равғани кўҳон, ки ташнагиро рафъ кунад, ёди об накарда, сар сўйи осмон, лаби зер кашол дошта, наъра мезаданд...
Дар ин ҷо низ коре шуд, ки шоҳ Искандари писари худоро масхара медошт: дар чунин гармову хушкӣ оби рўдак дамид. Чунон туғёну шўр бардошта шорид, ки нагунҷид андар водӣ.
Искандар пиндошт аждаҳои нўҳсар аст, ки бар Геракл дамад ва бо дами оташбораш ҳамаро сўзад. Геракли қаҳрамон мебод, то истад бар муқобили чунин аждаҳо.
Ва аммо коре карда нашуд бо Бало: занону кўдакон, пирони барҷомонда, маибу маҷрўҳон ва асбону сутурони лоғару камҷон, инчунин асбобу афзори ҷангӣ рабуд аз миён. Ҳатто шиноварон натавонистанд саришта кунанд бунаву коло ва ё кўдакон. Асбону гардунаҳо ва зару хоста, ҳадяи зердастон ҳама ба коми Бало шуданд. Шоҳ Искандар бо сипоҳи кам бе захира монда буд. Мақдуние фармуд: «Ҳар чиро бод оварад, бодаш барад!» Искандар аввал ҳикмат донист, пасон ба маънии мисраъ рафта, кина гирифт, ки зердасташ чунин киноя гўяд, аз бегона чӣ гила?
Ризқи ҷўгӣ дар пояш, ризқи лашкар аз дами шамшераш. Ҳолиё ҳарду зарур буданд Искандарро. Вале биёбон бекас, дашт бенаво ва саҳро холӣ буд. Як ҳафтаи расо бо соҳил гашт гушнаву ташна.
Пасон кишвари ободе пайдо кард. Гадойӣ хуш наомад, боз касб пеша кард: бикўфту бикушту бисўхт ва то маркази шаҳр расид.
Анбори ғалла дарёфт ва кашонд барои намурдани сипоҳиён.
Ҷанговарони гурусна дарафтиданд ба бозёфтҳо, Искандар натавонист чорае пайдо кунад. Гушнагӣ чунон ба ҷон расонида буд, ки ёде аз сипоҳи баҳрии Неарх ва занону кўдакони бо онҳо рафта намекарданд. Шоҳи зирак ва донишу таҷриба андўхта дарёфт, ки сипоҳи мақдуниву юнонӣ дар чунин ҳолат ҷуз талаф коре натавонад кардан. Гуруснагӣ тавоно бувад аз душман. Ў метавонист рўҳи эшон бардорад; лофу газоф бигўяд, ваъдаҳо бидиҳад.
Биёбони хушк корвонро ҷигарсўхта карда буд. Ду бор моҳ нав шуд, ҳанўз ҳам корвон роҳ мепаймуд бо сарварии шоҳ Искандар. На об буду на дон; на меҳр мондаву на муҳаббат; на боварӣ буду на дод...
...Неархи дарёгард низ андаруни баҳр оби хўрданӣ надошт.
Сахтӣ пеш омаду гуруснагиву ташнагӣ. Забон ба ком часпида, лабҳо карахш ва чашмҳо хилт баста буданд ва ҳалқ хушк гашта. Теғи бинӣ, рухсораҳо дурушту кафида, дастҳо шахшўл, сари гўшҳо пулакчаҳо ва гарданҳо қарқ баста буданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор