Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чунон буд, ки ў андаруни обу Искандар андар биёбон.
Шоҳ Искандар об хост. Об оварданд дар ҷомкоса. Чашмони дигарон ҳарисона ба шоҳкоса дўхта шуданд ва забони ба ком часпидаро базўр ҷудо мегардонитанд ва лаби хушку карахшбаста мелесиданд. Шоҳ ҷомкоса ба каф гирифт. Нафаре сўйи ў ҳамла овард, то косаи об бирабояд, аммо зўре надошт, биафтод.
«Об диҳед ўро!»
«Об нест, шоҳам!»
Искандар чизе нагуфт. Карахт шуд. Ҳайкалосо ва ҳайратзада монд. Коса каҷ шуд дар дасташ. Шоҳ қатра-қатра ва ғижа-ғижа обро рехт рўйи реги тафсон. Вале бо ин ҳама карахтӣ ў медид, ки чун кашад реги сўзон обро. Аммо ба назари ташнагон он қадар об рехт, ки рўдбори Ҳинд ин қадар об надошта бошад ва зарфи
1 шоҳ зарфи духтари шоҳи ҳиндӣ Қайдро монад.
«Агар шуморо об нарасад, маро низ нарасад!»
Сипоҳи савораи хаста боз дил баст шоҳро. Агар ҷон доштанд чу мўре боз равон гаштанд. Ба умеди фардо роҳ паймуд сипоҳи талафёфта ва камшумори Искандар. Ва худи ў ҳақиру нотавон ва аз ҳама кирдорҳо пушаймон ба умеди дидори модар таноби роҳ мекашид.
Гардунаи шаҳбону Рахшон базўр тоб мехўрд ва то ин ҷо чандин асбон иваз карда буданд. Бо вуҷуди душворӣ маликаро дил намешуд, Барзину Гераклро аз гардунааш ба дигар ароба гузаронад. Зеро суғднаҷод паймон баста буд, ки то ҳаст, аз онҳо ҷудойӣ напазирад. Саргузашт қисса карданҳои онҳо мекашид таноби роҳро. Рахшон чандон саргузашти ҷолиб надошт, вале қисмати Барзин ҷолиб буд шоҳзану Геракли хурдсолро. Геракл гўё биёбони хушку тафсон, сусморҳои чолок, шутурхору хорҳои мағелон ва тап-тап афтида мурдани сутурон, ҷон додани пирону заифон, офтобу моҳу ситорагон, ба замин канда шудани ахтарон ва бисёр чизҳоро медиду ба назар хешро бо онҳо андармон мекард ва менамуд, ки ба чизе эътибор намедиҳад ва парвое надорад. Дар асл ҳама чизро медид, мешунид ва ба мағз ҷой мекард. Зеро онҳо аз ҳар боб сухан доштанд, лекин аз Искандар чизе намегуфтанд; гўё бим аз якдигар доштанд.
«Ман ҳатто аз шумо пўзиш карда натавонам; оҷизам!»
«Аёнро чӣ ҳоҷати баён, шоҳ?»
Гўиё ҳама якранг; ба кирдори нахустодамон – на ҷангу на бонг; шоҳу гадо набувад, забардасту зердаст, фармонфармову

  1. Бино ба гуфтаи Фирдавсӣ, яке аз чаҳор шарти ба Искандар гузоштаи дух тари шоҳ, ки аз зарфе лашкари Искандар об хўрад, боз зарф пури об бо шад.
пешина
аз 411
навбатӣ