Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

фармонбардор набошад. Аз ин рў Искандар садо баланд накунад, узр пурсиданашро лоимкон донад. Бо вуҷуди ин ҳама, бо Барзин чун пешин муомилаву муносибат ва ройсозӣ накунад. Ба назар Рахшон як нафар зани бесоҳиби баччадорро ҳамроҳ гардонад.
Дилаш сўзад ба ин зани доно ва пешгўй, ки Искандар чунин зану фарзанд доштанашро нагуфт. Ва Барзин афсусу пушаймониашро аён накунад, танҳо гўяд, ки падаршоҳ низ чунин карда буд: бар Олимпиада зани ҷавон гирифта ва ба муродаш нарасида шаби базм куштандаш. Рахшон ин қиссаро аз Барзин шунид, аммо ба таги сухан нарасида, мисли бод гузаронд. Ҳатто напурсид, ки Барзин чӣ хоҳад бо чунин ҳарф. Вале ҳолиё вазъ чунин, ки шоҳ ба кину қасос рағбат надорад, фақат андешаи аз бало раҳо гаштанро дорад.
Барзин гоҳ-гоҳ сар ба каф гирад, ки сахт хор дошташ шоҳ...
Баъди ранҷу азоби гарону сангин, ки тамоми роҳ Искандар пушаймонӣ дошт аз оламгардиву ҷаҳонгирӣ, сангпуштона хазида
1 биёбони Арабро убур карда, расиданд ба шаҳри Пура. Онон, ки аз азоби алими Саҳрои Араб ҷон ба саломат бурданд, ба фароғат расиданд. Аз чаҳор як ҳиссаи сипоҳ буданд, чун сурхии рўйи шоҳ Искандар аз нав ҷон гирифтанд. Шоҳ фармондори вилояти Карманияро айбдору гунаҳгор медонист дар фавту талафи сипоҳи ў, ки ба пешвози лашкари мақдунӣ набаромад ва таъминоти онро набардошт, ҳеҷ мададе накард. Дилмонда шуд аз фармондорони вилояту мулкҳо ва ҳамаи онҳоро иваз карданӣ шуд. Ўро расонданд, ки ҳокимон ва сатрапҳои гузоштаи Искандар зуд-зуд миранд, касе асбоб надонад. Аполлофани чанде пеш фармондори Гидросияву Ориё гузоштааш дар ҷанги сахти зидди ориёиҳо фавтид, Фоантро сатрап таъйин кард. Ў низ мурд. Ба ин ду вилоят Арахозияро ҳамроҳ сохта, Сибиртийро сарвар хонд. Баъдтар Кирмонро ба Тлеполеми сипаҳдори вилояти Парфия супурд. Ў боз баъди пушаймонӣ ба корҳои давлатдориву лашкаркашӣ камар сахт баст.
Дар роҳи Кирмон хабар расид, ки фармонравои қабилаҳои ҳиндӣ Филиппро низ сўиқасдчиён куштаанд. Шоҳ ба фармонравоёни ҳиндӣ Таксилу Эвдеми румӣ нома фиристода сахт таъкид кард, ки вазъи кишварро ба эътидол оранд. Аммо бо фармону номаҳои раҳи дур ҳиндуҳоро ором кардан кори саҳл набуд. Онҳо сахт шўриданд, ки Эвдем гурехта, базўр сари хеш ба саломат бурд.
Аммо шоҳ Искандар аз тақдир сахт парешон гашта буд, ки на аз сипаҳбад Кратер дарак буду на аз амирулбаҳр Неарх хабаре.
Искандар ба Кирмон расид дертар аз Искандар. Онҳо вохўрданд; саргузаштгўйӣ карданд. Сипаҳбадон Гефестиону Леонат, ки бо хости Искандар ба шаҳрсозӣ машғул буданд, низ расиданд. Гўё зиндаҳо ҳама меомаданд, аз Неарх хабаре набуд.
- Пура – маркази кишвари Гидросия.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор