Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Шоҳ ошуфта ва парешон буд аз қисмати Неарху нохудоён, ки боре дарак аз хеш надод ва касе надонад ў дар чӣ ҳол аст.
Хобҳои парешони ў ва пешгўйиҳои раммолону фолбинҳо, ки баъзан ғўлингхойӣ кунанд, шоҳро мушавваш гардонида. Бо каронаи баҳри Араб, халиҷи Порс, бозгашт ба резишгоҳи Ҳинд кас фиристод, аммо аз яке дарак наомад. Ғамӣ шуду хулоса баровард, ки онҳо ҳамдигарро гум карданд ва шоҳ умедканда шуд, ки агар Неарх зинда буд, дар чунин муддат, ки онҳо ба сохтани шаҳракҳо машғул буданд ва пархошу фароғат доштанд, баҳрнавардон расида буданд. Бори нахуст сахт пушаймон шуд аз ҷаҳонгардиву ҷаҳонгирӣ. Пиндошт, ки рўйи сурхаш сиёҳ гашта ва назди мақдуниёну юнониён дуд кунад. Фардо назди ҳамватанон чӣ посух диҳад. Дар банди андеша ва гирифторӣ буд, ки ин дастаи ночизро, ки гўйӣ аз сипоҳи румӣ тухмӣ монда, чӣ гуна ба Рум барад. Агар дар ҷанги Олам намурд, дар ҷанги падару модарони сарбозони мақдуниву юнонӣ хоҳад мурд. Ўро ғоз-ғозу лахт-лахт хоҳанд кард. Гирифтори хеш буд, касеро намедиду намегуфту намешунид. На базм дошт, на қурбонӣ мекард ва на шодмонӣ; гирифтори ғами хештан буд.
Ва бо ҳазор андеша пардадор дари шоҳро кўфт. Искандар садое набаровард. Ў парешон гашта дарро кушод ва шоҳро чашми тар дарёфт.
— Кирмоние омада шоҳам...
— Чӣ фармояд?
— Аз назди Неарх омадам, гўяд
— Аз назди Неарх? Бифармо...
Пайкро ворид карданд назди шоҳ. Ў сар ба саҷда бурд ва фармуд:
— Дурўду паём овардам аз Неархи дарёгард шоҳро.
— Ай араб, рост гўйӣ ё дурўғ?
— Ман порсам, Гирдаки Кирмонӣ... ва рост гўям...
— Неарх зинда аст?
— Оре, шоҳ! Неарх зинда. Ҷониби ту ояд. Ман чун балад ҳастам ин роҳро, кўтоҳаш кардам ва пеш омадам, то шоҳро бохабар кунам.
Шоҳ омода буд барои чунин хабар барҷаста пайкро ба оғўш кашида бўсаборон кунад, аммо дилаш раг зад, ки дурўғ гўяд Гирдак ва ўро гўл зада ба баҳр кашад ва найранге кунад. «Макр набувад?» Ба рўйи Гирдак нигарист:
— Бо чашмонат дидӣ Неархро?
— Оре, шоҳ!
— Чӣ гуна мард аст?
— Зардина, обичашм, мўйи мошубиринҷ дорад...
— Дурўғ гўйӣ!
— На, дурўғ нагўям. Вақте ки шоҳ ўро дида буд, дар мўяш сапедие набуд. Чун дар ин миён ҳиндуҳо ҷангҳои сахт карданд, тўфон бархоста киштиҳоро ба регзоре андохт ва боз бадавиҳои нимбараҳнаи соҳил – гидросиҳои дар умрашон оҳан надида ба онҳо дарафтоданд ва қиссаҳои дигар, ки Неархро умедканда гардонида буд, мўяш дар муддати кўтоҳ сапед гашт...

пешина
аз 411
навбатӣ