Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

— Ту рост гўйӣ?
— Рост гўям, шоҳ. Ў хоҳад омад. То чашм ба чашм шудан ором бояд буд ва он гаҳ маро хоҳӣ шинохт. Порсҳо дурўғ нагўянд. Зеро дурўғ бародари тўҳмат бувад. Тўҳмат бузургтарин бадист.
Ҳанўз сўҳбат саранҷом нашуда ҳафт танро биоварданд назди шоҳ; ҳафт тани офатзада, жўлидамўй, абгор, оғишта ба хоку гил, афтода, лоғар ва нимбисмилро, ки чашмон зинда ва бар пой буданашон нишони ҳаёт дошт. Онҳо рў ба рўйи шоҳ дер истоданд.
Яке зардинаи обичашми лоғар буд ва мўйи дуранг дошт чун шабу рўз. Шоҳ ба Гирдаки Кирмонӣ нигарист ва фарёд зад:
«Неарх!!!»
Ҳарду баробар оғўш кушода гиристанд. Дер ҳамдигарро сар надода гиристанд, ки нишонаи хориҳои дерсола буд. Шоҳ мегирист, ки оқибат ба чунин ҳол расиду ҳамаро талаф дод, Неарх мегирист, ки шукронаи кор, зинда аст. Ба дидор расиданд.
— Та-ла-аф до-одӣ, Не-а-арх, ҳа-ма ро?
— На, сипаҳсолори кабир, киштиву сипоҳ дар соҳил, барои шоҳро дарёфтан ба чунин рўз расидем.
Искандар ўро тангтар гирифт ба оғўш, бовар накарда гирёнтар шуд:
— Дурўғ гўйӣ, Неарх... Ҳамаро бохтайӣ...
— На, шоҳ, Архий гувоҳ бувад.
Искандар аз оғўш раҳо кард Неархро ва Архийро шинохту дар канор гирифту гирист.
— Архий, Неарх рост гўяд?
— Рост гўяд, шоҳ. – нафаси Архий бехи гўши шоҳро гарм кард.
Боз гирист шоҳ. Гиряаш на аз он буд, ки ононро пазмон шуда, балки ба ҳоли хештан мегирист; чунон ки ҳар кас ба мурдаи хеш гиряд. Се тани дигарро низ бағалкаш вохўрӣ карду чашми тар дошт. Шоҳ ҳоли онон медид, ба худ мепечид; қарору оромӣ надошт. Ба ёдаш намерасид, ки онҳоро бинишонад, оромӣ бахшад ва ҳолпурсӣ кунад.
— Наход зиёдтар аз ман азоб кашида бошӣ, Неарх?
— Азоби туро надонам, бародар, лекин азоби мо азоби гўр буд. Чанд бор мурда ва боз зинда шудем.
— Чун ман?
— Чӣ гуна?
— Аз машаққати роҳ, аз тохти бадавиҳо, аз ташнагиву гушнагӣ, аз бегонагӣ...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор