Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

— Якранг азобамон... Мазмун, аз ватан ки ҷудо гаштӣ, як хел азоб бинӣ.
— Ман низ чунин хулоса кардам.
— Чун аз ҳам ҷудо шудем, роҷаҳои аз шаҳри Паттал фирор карда мо мақдуниҳоро ночиз ва нотавон пиндошта, ҳамлавар шуданд. резишгоҳи рўдбори Ҳиндро ишғол карданд. Аз ин рў
1 сафари мо дер монд то Камон. Боди муссонро нигарон шудем.
Чун моҳе гузашт, имкон пайдо шуд шиновариро... Душвор буд, шоҳ... Ҷазираву регталҳо ва шаху харсангҳои азим пешорў мебаромаданд, гирд гаштан лозим меомад. Гушнагиву ташнагӣ ба ҷон расонд... Андаруни баҳр – ташна… Аҷиб. Мадду ҷазри баҳр бадтар аз офат буд. Леонат як бор захираи даҳрўза расонд, дигар аз ҷое кўмак нарасид. Худоён мададгор шуданд моро, вагарна...
Наҳангу делфинҳо чӣ ҳуҷумҳое карданд... Мо бо садоҳои баланд онҳоро тарсонида аз худ дур мекардем. Як бол задани онҳо чандин киштиҳои моро чаппа хоҳад кард. Лекин онҳо ҳам дил доштаанд, нияту азоби моро дарёфта, маъюс дур мерафтанд... Бадтар аз он ҷонварон сияҳпўстони жўлидамўй буданд, ки гургинаву палангина ва дигар мўйинаҳо андар пасу пеш кашида дар соҳил саф меоростанд. Зиндагии ваҳшиёна доштанд ва аз устухони кит хонаҳо сохта буданд, хўрокашон моҳӣ буд. Ҳайвонҳои хоназодиашон орди моҳӣ мехўрданд ва гўшти он ҳайвонҳо низ бўйи моҳӣ доштанд... саранҷом ба ёди шоҳ то Кирмон расидем.
Искандар ба ифтихори Неарху ёронаш базм орост ва ба ҳама эълом дошт, ки баҳрнавардон зиндаву саломатанд. Гулафшон карданд амирулбаҳрро то субҳ.
— Ман бояд баргардам, шоҳ, ва артиши баҳриро то Мағриб бирасонам.
— Мо бояд дар Шуш вохўрем, Неарх...
— Рой шоҳрост.
Бо амри Искандар сутуронро ҳама чиз бор карданд ва гуселониданд то лангаргоҳ.
БАНДИ ШАШУМ
Искандари пури шоҳ Файлақуси дуввум, ки бистсола ба тахти
салтанат нишаста буд, сивудусола шуд дар ғурбат. Дувоздаҳ баҳори
умраш сипарӣ гашт бо ҷангу набард, тохту тоз, тартумарт, куштор,
хунрезӣ ва ғорат. Ҳамаи ин солҳо пирўзӣ дошту шодмонӣ ва ба
базму айш гузаронида айёмро. Лекин имсол сангину вазнин омад
шоҳро: ғаму ғуссаи талафи сипоҳ гаронтар буд аз хушнудии
барорҳои гузашта. Чу лашкаркаши бузург бо андеша ҳама кар-
- Аз 22 ноябр то 21 декабр.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор