Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

даҳо ва гуфтаву шунидаҳо ва дидаҳо пеши назар овард, чизе аён нашуд. Гўё як пуффаки баробар ба гунбади фалакро пуф карду дам дод ва он бузургтар шуд; хост бузургтар аз гунбади сипеҳр созад, иқтидораш кофӣ набуд, пош хўрд. Ва боз монд ҳаво. Ҳавое, ки касе бо қабзаву мушт кардан ба даст наоварда. Донист, ки дунё ҳеҷ ва пуч; боду абр бувад ин ҷаҳони фусўс. Таълимоти Арасту ва андарзҳои модар низ ройгон рафтанд. Орзуву армонҳои хеш дарнаёфт, балки донист, ки ҷовидона набувад кирдори ў. Давлати бузурги ба зарби шамшер сохтааш низ бебақост. Осиёву Аврупо на бо шамшер ягона шуд ва на бо даст гирифтани Рахшони суғдӣ.
Дарнаёфт Оби Ҳаётро, кашонда натавонист ҳама зару зевари рўйи заминро. Ҳатто Антипатри гумошта ва дастнишондааш андар Мақдуниё миннатдор нашуд аз фиристодаҳои шоҳ. Балки хешро фармондори мутлақи Мақдуниё донист ва бо фурў нишондани як шўриш хешро соҳиби мулк ва қаҳрамони халқу кишвар хонд. Аз ин рў дар дили ў нагунҷад бозомадани шоҳзодаи мақдунӣ. Зеро хазинаи шоҳӣ тиҳӣ, чунон ки вақти рафтани шоҳ Искандар буд.
Ҳанўз ҳам воми ҳаштсад толонаи хазина пардохт нашуда ва Онаниюси тоҷир андар бистари беморӣ омадани духтараш Тойисро нигарон аст. Искандар ба ҳеҷ яке эътибор надиҳад ё чунон вонамуд кунад. Дар асл шабу рўз дар зеҳни хеш ҳисобу китоб кунад, ки хазина хазинаи шоҳӣ гашта ва баробари ба ватан расидан вом адо кунад ва мулк обод гардонад ва модараш Олимпиадаро чун шоҳзану маликаи нозанин бар тахт нишонад ва худ сипаҳдори ў бошад. Вале чун номаҳои ўро хонад, ба шўр омада ситезад, ки модашери хашмӣ ҳеҷ аз феълу хўйи бадбинонааш нагашта. Ва шоҳ аз азобу шиканҷаҳои соҳили баҳри Араб ба модар пайғоме накард. Ва фурсат низ нашуда, ки Биталомус чӣ нигошта андар дафтари таърих.
Искандарро дигар мурғони баднамои фазо ё паррехтаҳои гўштгардани сари бораҳо ё рўйи мурдаи сарбозон ба ғаш намеовард. Шоҳ пиндошт, ки ҳама чиз орому осуда чун баҳри хуфта.
Сафинаҳо ва нохудоён ва киштинишастагон ҳама ба мурод расида фароғат доранд. Худи ў дар қаламрави хеш, ҳама чиз сомон гашта ва касе касеро ғам ё ташвиш надиҳад. Пойтахти чаҳоргонаи Порс андар тасарруфаш, тавре хоҳад, умр ба сар барад.
Ва аммо овозаи марги дурўғини шоҳ Искандар парешониҳо овард. Шоҳ аз чунин овозаи бардурўғ истифода карда хештан ба нодонӣ зад ва донистанӣ шуд, ки чун муомилаву рафтор кунанд дўстону душманон. Туфайли миёнҷиҳо, пайколҳо, паёмварон, расонаҳо, худширингарҳо, дасисабозҳо, муғамбирон ва ғаддорҳо, нотавонбинҳо, мансабхоҳон ва ҳатто сипаҳбадону сипоҳиён, ба вижа гетерҳои нозанини аз ёди шоҳ рафта ҳама чизро донист, лекин шитобзада нашуд. Бо тамкину шикебойӣ сабабҳои наҳзати Суғду Бохтар, ошўбу исёни ҳиндувони Панҷоб, балвоҳои асирони эллиниҳои замони Дориюши аввалу Хишоёршоҳ ба Ориё омада; саркашии бардаҳои юнониву мақдунӣ; бетартибиҳои Антипатри дастнишондааш андар Юнон ва бадтараш кирдори ёри ҷавониаш шоҳзода Гарпали хазинадори Бобулистон ва дигар кирдору рафторҳои нохубу нофорро дарёфт, пасон муомила карданӣ шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор