Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Гарпали хазинадор, ки ҳама умеди шоҳ бар ў буд, чун овозаи марги нобаҳангоми Искандарро шунид, рост пиндошта, фурсат ғанимат ва пойгаҳ холӣ дониста, талаф дод аз симу зар то гарди хазина. Гарпали айёш ҷинси латифро авлотар аз симу зар медонист ва ҳар чӣ дошт, масту ҳушёр ба пойи нозанинон нисор мекард; хоста мебахшид гетерҳои нозанин ва раққосаҳои ҳиндиву порсиву бобулиро ва зарафшонӣ мекард бар қади эшон. Дўшизагони соҳибҷамол аз эҳсони бедарди миёни ў хушнуд буданд ва Сахӣ ном ниҳоданд, ки то он замон касе чунин лақабро сазовор нагашта буд. Ҳар кадом он қадар ҳунар менамуданд, ки бо нозу карашма, покўбону дастафшон ва синаларзон, хандону шукуфон; шикастани миён, дунбаҷунбон, абрўпаррон ва хиромон дар пеши Гарпал зону мезаданд, то ўро хуш кунанд. Зеро бахшу хостаи хазинадор андар шабистон ҷудогона буд. Аломати хуш кардани Гарпал чунон буд:
низ назди паричеҳраи боҳунар зону мезад ва гоҳи ба пушт хам хўрда беустухон рўйи пойҳо ҳамвор гаштанаш Сахӣ ду зонуи ўро пахш мекард ва хешро чунон ба пеш майл медод, ки низ бар ў ҳамвор мегашта бошад. Пасон дигар ҳунармандон суст гашта дилу бедилон рақсро идома медоданд ва дар дил мегуфтанд, навбати онҳо фардойӣ бувад...
Кўшку ҳарами паҳлўи Бурҷи Бобул аз они Гарпал буд ва ў хешро ҳукмравои мутлақи ин марз шумурд. Ба сикка задани тангаҳои бобулӣ пардохт, то бар сари ин ҳунармандон зарпошӣ кунад. Сурати паканаи хешро низ дар рўйи тангаҳо ҷой дод, то гоҳи ба даст гирифтан хубони порсигў, гетерҳои нозанини хушзеҳну ҳозирҷавоб ва ҳиндудухтарони боҳунар ва дўшизагони беназири бобулӣ симои Сахӣ бар тангаҳо дида ин ҷавонмарди фарзонаву ягонаро ёд оранд.
Пифионикаи зебову пурҳунар, ки ҳусну ҷамолаш бо ҳунари беҳамтояш мутаносибу мувофиқ афтода буд, бештар рабуд ақлу ҳуши ўро. Ин дўшизаи мўрмиёни садафдандони симинтан, ки гўйи худованд аз ҳама нозанинону хубрўён як узви арзандаро гирифта бар ў часпонида, орову торо дода бошад, хубчеҳру хушандом буд.
Маҷнун карда буд Гарпалро. Ва мардро дурӣ набуд аз ў. Гарпали маккору корчаллон хешро шоҳ пиндошта Пифионикаи отиниро малика хонд, то мардум огоҳ гарданд, ки Гарпал гумошта ва ё дастнишондаи шоҳ Искандар набуда, шоҳи мутлақи Бобул бувад ва бурун аз итоати ў ҳар чӣ хоҳад, он кунад... Ва чӣ шуд, яке аҷал рабуд Пифионикаи хушрўву зеборо. Гарпал сўхт ба марги ў ва ба сохтани гўрхонааш дасти саховат кушод: дусад толон сарф кард мазори ўро.

пешина
аз 411
навбатӣ