Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ва санамтарошони юнониро барои беҳтарин ҳайкал озмун эълом дошт. Кўшку ҳараму меҳроб бисохт, то минбаъд ба олиҳаи ҳусн Афродита – Пифионика саҷда оранд.
Вазири молияи зандўст дере нагузашта боз базмҳо орост ва гетери хубтар аз пешин – Гликурияи бо ҳусну ҷамолро аз дасти дигарон зада гирифт. Ва дар Бобул бозмонданро хатар дониста, ба шаҳри Тарс кўчид. Дар кохи шоҳона ҷой гузид. Гликурия зиндагии шоҳона дошт. Азбаски хуби хубон буд, Гарпал дар Миср муҷассамаи биринҷии ўро гузошт. Коре, ки Искандар накарда буд. Аз ин рў гетерҳои нозанин девона буданд аз ҷавонмардиву саховатпешагии хазинадор ва орзу доштанд наздик шаванд бо ў.
Гликурияи отинӣ Гарпалро танҳо маҳбуба набуд, балки Сахӣ аз ин зан истифода карданӣ шуд, то бо отиниён иртиботи сахт дошта бошад, ки дар рўзи мабод ба кор ояд. Рафту марги Искандар дурўғин бувад, гоҳи ситезидани Искандар бар ў юнониҳо дастгираш бошанд...
Ва рўзе шоҳи мақдунӣ огоҳ гашт аз кирдугорҳо, рафторҳо, бедодиҳо, вайрониҳо, ғоратгариҳо, худсариҳои гумоштанонаш ва касоне, ки шоҳ бовар дошт. Ҳукми қатл хост ононро. Онҳое, ки дахмаи Куруши Кабирро аз барои ганҷи гўр вайрон карда буданд, онҳое, ки гўрхонаҳоро ганҷина пиндошта, даст ба харобӣ мезаданд; онон, ки хазинаи шоҳиро бадраи хеш медонистанд.
Дар қатори дигарон ба пўстини Гарпал низ кайк даромад. Сахӣ роҳи раҳо меҷуст. Хоб дид на Пифионикаро, балки буди ўро, ки мегуфт: «Раҳойӣ дар нестист!» Аммо гетери доно Гликурия дар бедорӣ маслиҳат медод: «Роҳи раҳойӣ фирор бувад!»
Гарпали маккор пазируфт маслиҳати нозанинро ва бо шаш ҳазор сарбози зархарид ва панҷ ҳазор толони хазинаи шоҳӣ рў ба Юнон овард...


Искандар он рўз лоғару хаставу хурд шудани Неархи дарёгардро дида, ғамӣ гашту гирист, аммо хешро дар оина надид,
ки ба чӣ ҳол расида. Камхуну заҳир, лоғару хаста ва андаке хурд
гашта; нияту кўшиш зайле ки буд, аммо нерўву амал дигаргуна. Гўё
Искандар шоҳзода ё писари худо набуда, як лашкаркаши ба рўҳу
ғоя шикастхўрда. Орзуву армонҳояш барбодрафта. Дилгир шуда
буд ў аз ҷангҳои пайваста, аз дасисаҳои сатрапу хазинадорон, аз
исёну шўри зердастон, аз хиёнати зархаридон, аз ноҷавонмардии
ёроне, ки шоҳ бовар карда ин ё он мулкро бахшида буд. Ба сари
лашкаркаши бемисл намегунҷид, ки Гарпал барин ёри даврони
ҷавонӣ чунин кайфар бахшад некиҳои ўро; чашмдор набуд, ки фармонфармоёни марзу кишварҳо, ашрофзодагону сипаҳбадони мақдуниву юнонӣ аз барои нафсу зару зевар ва моли дунё гўру гўрхонаҳои шоҳаншоҳони Порсро шикананд ва ба яғмо баранд буду нобудро; хаёле надошт, ки ному унвонҳои «писари худо», «шоҳаншоҳ», «расули худоёни юнонӣ»-ро ба замин мезананд.

пешина
аз 411
навбатӣ