Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Хашм гирифт Искандар бар ҳамаи онон; кушт, ба шиканҷа кашид, гўшмол дод осиёну рўсабиҳоро, лек тасаллӣ наёфт. Ҳарчанд аз Шуш то Шуш гирдгардон – Порсу Суғду Бохтару Ҳинду Эронро ҳалқа гашта омад, давлати муттаҳидаву муқтадирро дарёфт накард. Сар шиканад, аммо ба таги кор нарасад. Ҳар кас ба мурдаи хеш гиряд, ҳар нафар қўрро рўйи кўмоҷи хеш кашад.
Беқарор шуд, ғалаён кард хунаш; шўрид худ аз худ. Боди носипосиҳои нокасон бардораш дод. Пешрў нарафт, бал баргашт ва мулки бо зарби шамшер ба даст овардаро гом зад ва донист, ки ба чӣ ҳол афтода. Харобаҳо ва вайронаи мазори Куруши Кабирро бидид. Хира гашт табъаш, ки гумоштагонаш, дастнишондагонаш чиҳо кардаанд барои дунёйӣ. Лек нанамуда кардаҳои худи ў:
харобаҳои оварда, сўхтаҳо ва куштаҳову бурдаҳо. Дар Истахру Эроншаҳр воқиф шуд аз кирдору интиқоми гумоштагонаш, ки ба чӣ овардаанд пойтахти Порсро? Чӣ рўз доранд эрониён. Вонамуд, ки дилаш сўзад, афсус хўрд аз кирдори ноҷавонмардон. Некӣ карданӣ шуд дар ҷавоби кирдорҳои ношоистаи дастнишондагонаш. Занонро хоста бахшид, то дилгарм бошанд. Пиронро сухани хуш гуфт, кўдаконро шириниҳо тўҳфа кард.
Ва гом зад пайроҳаҳои гаштаашро гоҳи осудагиву амонӣ.
Зиёд андешид ва ба хулосае омад, то муттаҳид созад мақдуниёну эрониёнро. Дарёфт, ки роҳи ягона издивоҷ бувад, то хуни ин ду миллат ба ҳам омезад ва ҳуқуқи баробар дошта бошад. Вагарна дер ё зуд бегонагӣ кори хеш хоҳад кард. Шоҳ ба қарори қатъӣ омад ва ҳамнабарду ҳамнишинон ва ёру ёварони хешро фармуд издивоҷ бикунанд ба духтарони акнофу ашрофи эронӣ. Шўре ба миён омад аз шодиву хуррамии сипоҳиён.
Искандар соли панҷум буд, ки аз Рахшон фарзанд нигарон, аммо шоҳ писари нозанин Гераклро эътиборе намедод. Акнун на танҳо Барзин, балки Рахшони хубчеҳру боҳуш ҳам ба чашмаш наметофт. Ва Рахшон аз падараш Оксарти суғдӣ хоҳиш кард, то баргардонадаш ба назди модар. Аммо фармонравои Суғд аз бими аз даст рафтани марзу бум намеёрист шоҳро чизе бигўяд, баръакс духтарро пўписа мекард, ки сабур бошад. чунин муносибат коми шоҳро ширин гардонд; ў талабгор шуд бузургдухти Дориюши Саввум ва охирдухтари Ардашери Саввумро.
Шоҳ баргашт ба шаҳри Шуш. Базм орост андар пардасаройи пазирои тавиласохт, ки тўҳфаи порсиён буд. Чодари дарозо бо пилони ҳиндӣ иҳота гардида, буни девораҳои он рўзбонҳо, посбонон ва дами дар пардадорон меистоданд. Наздиктар аз пилон ҳазор сарбози мақдунӣ, понсад ҷанговари шушонӣ ва як дастаи баргузидаи ҷавонсипоҳиёни порсӣ ҳалқа гирифта буданд базмгоҳро.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор