Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Андаруни чодар буни деворҳо ба дарозо понсад посбони порсии дарборӣ, ҳазор камонвари алопўш ва наздиктар ба шоҳ понсад нигаҳбони шамшеру сипари нуқрагин ба даст ва наздиктар ҷондорони мутмаини шоҳ Искандар ба по буданд, ки то имрўз шоҳ чунин доираву ҳалқаи боэътимодро ёд надорад. Зеро то кунун аз ному ситезу феълу хўй ва кину шўри шоҳи мақдунӣ бим доштанду ҳарос, ҳолиё ҳар тану ҳар сар дандони тез бувад бар зидди ў. Шоҳ дониста вазъу ҳол чунин девори зинда орост чун деворҳои қабат-қабати Мароқанду Пойканд.
Пазандагони боҳунару таббохиёни ҳиндиву порсӣ сари дегҳову оташдонро бўйи гулу гиёҳ ва хўрокҳои болаззатро пош медоданд.
Баробари ҳаври дегҳо дуди испанд боло мешуду ба фазо мепечид ва раммолони пешгўй чу дафъи бало, андаруни зарфҳои фулузӣ ҳазор испанд рўйи луху лахча гузошта, бо бандҳои пашмӣ кашол баста, алвонҷу бод медоданд, то луху лахча аз дами бод афрўхта дуди ҳазориспанд барорад ва ҳазорҳо балоро дур андозад. «Ҳазориспанд дуд кардем, сад балоро дур кардем».
1 Шаробро об андар кратер мерехтанд, то кифоя кунад то анҷоми базм. Ва зуд аз пой маяфканад базмиёнро.
Шоҳи зандўст шояд аз пешдастии Гарпали хазинадор сахт алам кашида бошад, ки занону дўшизагонро бемарҳабо хоста мебахшид ва гетерҳои базмороро зарафшонӣ мекард, то дилгарму завқманд бошанд. Базме буд то ин соату лаҳза касе надида ва нашунида. Ҳар сипаҳбаду афсару сарбози арўс пайдо карда дар базми имшаба шоҳ буд ва дар лаҳзаҳои мастӣ ва гоҳи дўшизаро ба сари сина пахш кардан хешро хушбахттарин инсони ҷаҳон медонист, ки баъди чунин азобу шиканҷаҳо ва ҷангу ҷидол ва ташнагиву гуруснагӣ ва роҳпаймоиҳои беохир ба чунин рўз расида.
Шоҳ Искандари Мақдунӣ дар ду паҳлў шоҳдухтарони нозанини эрониро нишонда, шароб аз ҷоми зарин мехўрд, бехабар аз рашки Рахшон. Рахшон кина варзид дар дил, ки аз барои ў шоҳ завҷааш Барзин ва писараш Гераклро ронда буд ва ҳолиё қуръаи фоли бад ба номи суғдидухтар афтода, барои шоҳдухтарони эронӣ зани қонуниро сарфи назар кунад. «Қисматҳо такрор шаванд: падари Искандар Файлақуси дуввум Олимпиадаро пушти по зада, рў ба Клеопатраи ҷавон овард, шоҳдухтари хушандом сархўр баромад.
Ҳолиё кирдори шоҳи ҷавон ба д-он монад» аз зеҳн гузаронд Рахшон ва нигарист ба атрофиён, ки ҳама пирўз метофтанд ва шодмонӣ доштанд. Ғамӣ гашт, ки Искандар сабр накард; шояд имсол на, соли дигар худо фарзанд диҳад ўро. Чизе панҷа бар гулўяш

  1. Кратер – корсонҳои азим.
пешина
аз 411
навбатӣ