Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

зад ва фишурд. Нафас танг омад, ҳаво камӣ дошт. Бархосту доман афшонду бирафт ва биандешид аз оқибати ин саҳна... Зеро ба ҳам дуздида нигаристанҳои духтарони Доро аз паси сар ва пеши рўйи Искандар Рахшонро парешон карда буд, ки ин эрондухтон оқибат коре кунанд, ки ману Барзин карда натавонистем. Агар онҳо хуни маздойӣ ва андешаи ҳахоманишӣ доранд, бояд коре кунанд, ки ҳеҷ духтар накарда. Ҳатто дар афсонаҳои асотирӣ буда ва набуда, ки духтар хуни падар ва бародар ситонида бошад. Ин корро худи Рахшон карданӣ буд, дареғ, нарасид зўраш. Андак дарёфта Рахшон маънии нигоҳи духтаронро, ки тамоми роҳи пурмашаққат гоҳи озору азият ва нафас росткарданҳову беҳуқуқиҳо, они хуфтан аз қисмату тақдиру гардиши рўзгор сўҳбат мекарданд: «Кӣ будему кӣ шудем, чӣ рўзгоре доштему ба чӣ рўз расидем?» Онҳо бисёр муамоҳоро ба тавру фаҳмиши хеш ҳал мекарданд ва бештар умед ба нерўҳои ғайбӣ доштанд, ки рўзе Аҳурои бузург дар шакли деву аҷинаҳо ва офатҳои табиӣ онҳоро мефиристад ва лаҳзае фаро хоҳад расид, ки ҳама асирони порсӣ равшании маздойӣ бинад. Вале ҳоло чунин сурат гирифтани қисмат ҳамаро барҳам зад ва шишаи нозуки умедҳоро шикаст. Аз он сў духтари хурдии Доро низ сўйи хоҳарбузургу духти Ох нигариста лабханд кунад, ки шоданд; барои аҳли нишаст ва фиреби назар кунанд ва гоҳе чашмак зананд. Касе набинад ва сарфаҳм наравад, ки чӣ маънӣ дорад. Онҳо гоҳ-гоҳ, ки андар мавридҳо ба ҳам омада сўҳбату баногўшӣ мекарданд, орзуе доштанд, ки оне пеш ояд, ки дар як лаҳза баробар ҳуҷум оваранд лашкари масти искандариро. Ҳолиё шояд ишораҳо ва чашмак заданҳо бар-ин бошад...
Искандар базм дошт; базми шоҳонаву мастона, ки ҳеҷ шоҳи мақдунӣ чунин базм наороста. Ў комёб буд ва духтаронро тақсим мекард: духтари хурдии Дорои Саввумро, ки чун асира нигоҳ медоштанд, ба ҷўраи беҳтаринаш Гефестиони сипаҳбад бахшид; хоҳардухтари Дороро ба сарфавҷи саворон Кратер тўҳфа кард, духтари Атропати машҳур – сипаҳсолори Доро, фармондори Модаи Хурдро ба ҷондораш Пердиккаи Оретидӣ ҳадя кард; духтарони сипаҳсолор Ортабози Порсро ҷўраҳои даврони наврасиаш Биталомуси сипаҳбад ва Евмени мақдунӣ гирифтанд.
Неархи вафодорро духтархонди худаш – духти Барзинро бахшид, ки ҳамроҳи корвони бобояш Ортабоз омада буд. Вале ҳайрон буд, ки духтари душмани ашаддиаш Спитамони диловарро ба кӣ бахшад. Ба Селевки писари Антипатри мақдунӣ, ки ба тозагӣ аз Пелла омада буд ва аз ҷойнишинаш дар Юнон умеди зиёд дошт, суғдидухтарро пешкаш кард. Ва духтарони берўзӣ имшаб зўрану маҷбуран ба сарбозони нолоиқи мақдуниву юнонӣ издивоҷ шуданд. Ба назари шоҳ ҳама розӣ ва хушнуд метофтанд.
Танҳо Рахшон пурандўҳ буд ва Барзин мурданро авло медонист аз ин кор, ки Искандар духтари ўро чун асира зўран ба Неархи дарёгард бидод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор