Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Рахшон бархосту ба хаймаи Барзин рафт, ки модару писар гардани ҳамдигар дошта чун берўзиҳо ва ятимони бекас гиря доштанд.
«Рўзи ман ба сарат омад, Рахшон...»
Аммо Рахшон садо ва ҳанги сухан гуфтан надошт, сар такон дод. Аҳура Маздоро ёд кард: «Ай Худои Маздо, магар натавонистӣ, ки писарони Аҳриман – Афросиёби гунаҳгор, Заҳҳоки сархор ва Искандари хунхорро ҷилавдорӣ бикунӣ ва бар ин марзу буми муқаддас роҳ надиҳӣ? Куҷо шуданд Ашаи Росткор, Спитамони Сапеда ва Суруши Нигаҳдор, то фарзандонатро ҳифзу ҳимоя кунанд? Магар зарурате дошт, ки сари Спитамони Суғдиро ба дасти душманат Искандар диҳӣ? Набинӣ магар чиҳо кунад бо онҳое, ки аз тухмаву дудмони ту ҳастанд? Маздо Аҳуро!!!»
Аз фарёди ноҷойи Рахшон модару писари ҳамдигарро сахт гардан гирифта, раҳо карданд дастон ва ҳайратзада нигаристанд ба ў.
«Магар Худои Маздо тавонад дар чунин ҳолатҳо ёрӣ кунад?»
«Бале, Барзин! Агар бинаду донад.»
«Ў ҳамабин, ҳамадон бувад?»
«Бале, Барзин…»
«Пас чаро... пас чаро... пас чаро?...»
«Фитроки ў дароз бувад, озмун кунад... Магар Заҳҳоки моронро дар кўҳи Дамованд бо дасти Фаридуни некахтар ҷой накард? Сапедӣ бар сиёҳӣ ва некӣ бар бадӣ пирўз гардад. Оини зардуштӣ.»
«Пас мо сабур бошем?»
«Оре!»
«Магар модари худи ў Олимпиада аз рашк ва ору нанг падараш шоҳ Файлақуси Дуввумро накушта буд?»
«Ба шуниди ман ҳамин тавр буда. Охир Олимпиада баробари шоҳ эътибору обрўй дошт миёни мамолики дунё. Вале Искандар моро чун канизак ё чун асира нигаҳ дорад, ки касеро равшан набошад... Ман ғамӣ нестам, Рахшон. Гоҳе ки туро ба занӣ гирифта буд, бо ман чунон кард, ки ҳолиё бо ту кунад. Дарду алам накашидам, ки кори шоҳон чунин бувад.
Ҳар хуби хубон бувад аз они шоҳон. Он гоҳ ман хубчеҳр будам, пасон ту хушандом омадӣ ва ҳолиё духтарони шоҳони эронӣ соҳибҷамол тофтанд ва ў натавонист якеро аз дигаре камтар ё бартар бинад, ҳар дуро пазируфт. Нафс. Аҳриман ўро ба чунин роҳ пеш андохт. Зеро Искандар аз тухмаи ўст. Шоҳ Искандар баъди азобу шиканҷаҳо ва чанд бор мурда зинда гаштан бояд биандешад ва оҳиста бошад...»
«Рост гўйӣ, Барзин, ҳар кӣ бо роҳи Аҳриман равад, ба ғазаби Аҳура Маздо ё Ҳурмузд гирифтор шавад. Чун Аҳриман заҳдон дарида, ба хотири дунёдорӣ пештар аз бародари хеш рўйи олам омадан некие надорад.»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор