Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

«Фоли Искандар равшан бувад, ғамӣ мабош. Ў аз они касе нашавад. Ин ҳама барбеҳуда. Ўро таъкид карда будам борҳо. Худ низ такрор кунад суханони маро: «То рўзе ки бо манӣ, пирўзиҳо дорӣ, рўзе ки бе манӣ, рў ба нестӣ орӣ.»
«Ва ин сухан ҷон дорад?»
«Оре, Рахшон, ҷон дорад... Ҳолиё дубора ба ў фаҳмонида нашавад. Зеро пиндорад, ки аз ғараз ё бадхоҳӣ бошад. Ман натавонам ўро фаҳмонидан...»
«Ман низ натавонам. Гумон дорам базми аҳриманӣ дорад.»
«Ин чиз дар хуни ўст, бовар низ дорад, ки Аҳримани тезхуну тезвир касро ба мурод расонад, на Маздо ё Ҳурмузди шикебо.»
«Шитобзада...»
«Шитобзада пешпой хўрад.»
Ҳарду мегуфтанду ба сар андешаи дигар доштанд, аммо наметавонистанд бигўянд ва маълум созанд, ки армонашон ва нияташон чист. Шоён карданӣ шуда гуфтанд кирдори Олимпиадаро дар шаби теотрравӣ, вале гурез карданд аз сўҳбат, ки девор муш дораду муш гўш.
Рахшон баргашт ба шабистони хеш. Аввал пасрў хобида даҳону бинӣ ба бистар пахш кард. Оби чашму оби биниро болин ҷафид, ҳамон зайл ғанав карданӣ шуд, аммо хоб набурд. Бархосту шамъ афрўхт. Дерёз нигарист, ки шамъ низ ашк резад аз сўзи риштаи ҷон.
«Чӣ гуноҳ кардам назди ту, эй Аҳура Маздои бузург, ки беоташ сўзиам?!»
Чун аз миёни забонаи шамъ сурати худои некӣ пайдо нашуд ва шоҳзан ба пурс посух нагирифт, сар андохт ва пеши назараш омад, ки шаби арўсии ў Искандар чӣ корҳое карда андар дижи Ҳурон; девораҳои касногузари ҳавзаро шамъзор карда буд. Он шаб низ чунин базму сур буд; он шому бом низ шоҳ аз ҷоми зарин шароби юнонӣ меошомиду ба чеҳраи зебо ва андоми нафисаи ў чашм медўхт; хўрданӣ мешудаш. Ва Рахшон пиндошта буд хубтар ва бузургтар аз ин меҳр нахоҳад буд ва ононро ҷуз марг чизе ҷудойӣ наорад. Шоҳи мақдунӣ шефтаву шайдо буд ба ҷамоли духтари суғдӣ, ҷустаро дарёфт. Рахшон низ обу адо гашта, ки шоҳ ҷустаро дарёфта, ки ин қадар бо ҳавас нигарад бар ў, ки надида бошад рўйи дўшизагон.
Рахшони бофаросат он гоҳ ҳам андешаманд буд, ки одати шоҳон бувад ва дороён, ки якашон ду гардад, ба андешаи зани дигар афтанд ва чун зан пушт гардонад, рўйи дигаре бинанд. Ҳолиё ин чизро дониста, сўзад Рахшон, ки чаро кори зараро накард.
Боақлтарин зан зани Спитамон буда, ки хештан аз бораи Ғори Суғд ба зер афканд...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор