Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Ба худ печад ў. Шаб гузашта аз шаб. Садои базм ва мусиқии шинос ояд. Он шаб андар ғори Ҳурон низ садо дода буд ин оҳанг ва аз хубиву форамӣ ба гўши суғдидухтар нишаста буд. Як оҳанги махлуту омехта ба оҳангҳои юнониву эрониву суғдӣ. Ҳолиё нофор расад ба гўши ў ва ғаш орад. Ду ангушти ишорат ба гўшҳо хаста дер дорад, то нашнавад. Чун раҳо созад, боз ояд садо. Ва ҳеҷ хомўшӣ ва анҷом надорад. Дорад, раҳо кунад, ки ғалмағал аст оҳанг мисли он ки шамшерҳои юнониву порсиву суғдӣ ба ҳам мехўрда бошанд ва сайҳаи асбону садои ҷон омехта ба ҳам оянд.
Ва баъд овои занону тифлон, аккоси сагони тарсу, ғалмағали мурғони ба лонаашон шағол афтода ва ниҳоят садои баланди табираву таблаку кўсу бам ва шайпуру карранойу сурной ва ҳар овозе, ки касонро безобита гардонад... Ба худ печад ў чу мори саркўфта, ки ёрои хазидан надорад. Гўш медиҳад. Оҳанг дигар нашавад. Дертар дарёбад, ки ин ҳама андар мағзу косахонаи сари ў бозмонда, ки зу-зу садо такрор кунад.
Ў бемадор, омада натавонад ба базм. Вале пеши назараш ҳаст, ки чун шоҳи ҳангомахоҳ бо ду духтари нозанин, ки ҳаргиз надида чунин издивоҷи сегонаро, ворид гашт ба чодари азими серсутун, ки тақлидан ба Толори Садсутун сохта бошанд. Бинишаст ба тахти оҷ. Аз ду бар арўсон дошт. Саройи базм барои ҳангома ва овоза сохта шуда буд бо дабдаба, ки шоҳи дуарўса ва домоду арўсони зиёд, гувоҳони бешумор, меҳмонони олиқадр ва нўҳ ҳазор сипоҳи искандариро бигунҷонад. Гулафшонӣ мекарданд ба сари Искандару арўсонаш; гулҳо ва гулдаставу гулчанбарҳо зарин буданд. Касе ёд надорад чунин базмро, бо расму русуми эрониён барпо шуда буд.
Минбари шоҳу арўс андаруни сарой ва дигар шаҳу арўсон зери садои кафкўбӣ ва сурўди «Домоди фақир обурдем, духтартўна бурдем!» пайи ҳам ворид мешуданд ба базмгоҳ ва ҷой мегирифтанд аз бари Искандару арўсонаш.
Қолиҳои хушранги эронӣ, сўзаниву рўйиҷоҳои зардўзии суғдиву бохтарӣ, дебои рангаи чинӣ оро медоданд девори пурнигорро. Он қадар орову торо ҳунар намуда буданд, ки даҳон воз мемонд аз тамошояш. Чунон хоставу тўҳафу ҳадя омад шоҳи навдомодро, ки гумон мерафт шоҳ барои пур кардани хазинаи тиҳисохтаи Гарпал андешидаву ороста бошад чунин базмро. Чун шоҳ чунин надидаро дид, завқ кард, болид, дар курта нагунҷид ва бахшид ҳамаро ҷоми зарин, то баробари боло бардоштан дурахшад толори тавила.
Гетерҳои нозанин хуб мерақсиданду ҳунар менамуданд, вале таги дил ғазаб доштанд ва шоҳро нафрин мекарданд, ки дўстдорашонро рабуд. Тойиси Отинӣ ҳам аз шоҳ монду ҳам аз Биталомуси Мисрӣ, Эриси аз Файлотус монда аз Пердикка низ ҷудо гашт. Ва бисёриҳо, ки умеди ба Юнон расида, хушбахт шуданро доштанд, дилмонда гаштанд аз рўзгор.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор