Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ширинкорон аҷаб ҳунарҳо менамуданд. Афсунгарони ҳиндӣ беҳамто буданд дар чашмбандиву ҷодугарӣ, ки морро бо дум менишонданд ба сурнай.
Панҷ шаборўз тўл кашид базм. Ҳунармандонро лозим меомад, ки барномаро такрор кунанд. Вале дар ин муддат Рахшон гоҳ Барзину писараш Гераклро дида дил холӣ мекард ва дигар ҳама вақт гушнаву ташна шарқиёна сар печида зери кўрпа мешуд, ки ягона роҳи раҳойӣ чунин бошад. Ҳар лаҳза ба сараш мезад, ки худро нобуд созад, хубтар аст аз чунин ранҷу азоб.
Оқибат, чун ҳама сомон шуд, Искандар биомад назди Рахшон ва ўро чунин хаставу лоғар ва ноҷунбон дарёфта дар ҳайрат монд:
— Ту чаро чунин кардӣ?
— Чун бояд мекардам?
— Бояд сабурӣ мекардӣ... Зеро донӣ, ки зиёдтар аз ту касеро дўст надорам.
— Оре, чунон бояд мекардам, аммо накардам. Зеро донистам, ки Искандар низ монанд ба дигар шоҳон буда.
— На! Искандар ба шоҳе монанд набувад. Ў танҳо худро монад ва касе ўро баробар нагардад.
— Ҳамин тавр... Акнун бифармой, то бори дигар падарам биояд ва маро бубарад.
— Пайдост, ки ранҷидайӣ.
— На, наранҷидаам. Дарёфтам, ки дигар ба ту лозим нестам.
— Ту лозим ҳастӣ маро. Магар надонӣ, ки шоҳон барои ҷоҳу ҷалол, тахту тоҷ ва кишвару марзу бум омодаанд ба ҳама гуна кирдор?
— Донам...
— Пас ранҷидан аз барои чӣ? Магар шоҳи кишваркушо, ҷаҳонпўю ҷаҳонгир ҳуқуқ надорад ба чунин корҳо?
— Ҳаққу ҳуқуқ дорад. Танҳо Искандар ҳуқуқ дорад ва танҳо ў тавонад.
— Давлати бузургу беҳамто сохтан, Мағрибу Машриқ ба ҳам овардан аз дасти ҳар сипаҳсолор наояд. Ман мехоҳам, ки писарони дурага ва духунаву чатиш дар мулки Порс юнонӣ тарбият ёбанд. Арастуҳо таълим диҳанду тарбият кунанд эшонро. Вагарна Гераклу Дионису Искандар нахоҳад рўйид.
— Чаро Куруш на, Дориюш на, Спитамон на?
— Онҳо ҳама тарсуянд.
Рахшон сар андохт. Кӣ будани ўро хуб донист. Ба худ печид, ки шоҳи худкому худхоҳ дар андешаи дигаре набошад ҳеҷ гоҳ.
Кӣ ва чӣ кас будани Писари Худо сол то солу рўз ба рўз аёнтар мешуд низомиёну корвониёнро, ки аз ҳар табақаву халқу миллат буданд.

пешина
аз 411
навбатӣ