Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

БАНДИ ПАНҶУМ

Искандари сахткина гоҳи ба Бусефали болдори афсонавиаш нишастан теғ кашида ба сарфавҷи саворони мақдунӣ Файлотус нигарист ва пой бар рикоб ниҳод, хидматгузорон сарафзор ва рикоби рости асби ўро медоштанд. Файлотус, ки аз гуфтаҳои маҳбубааш Эриси соҳибҷамол дар фароғати нимрўза бисёр чизҳоро шунидаву дониста буд, аз теғ кашида нигаристани шоҳ дарёфт, ки беҳуда набудааст гуфтаҳои ў. Файлотуси писари сипаҳсолори номӣ Пармониён низ нишаст бар зини асбаш. Вале парешон буд ва андеша аз қисмати падар дошт. «Сипаҳсолор, ки бо он корномаҳо ва хидматҳои беназир ин қадар хору залил шуд, чӣ монад ба мо?» Пинҳонӣ шўрид. Сипас андешид: «Шояд Эрисро фармуда бошанд, ки моро ангезад ва чун ду саг ҷанг андозад.» Ва рўйи зин вазн андохта, хешро суст кард, тасмим низ гирифт, то осуда ором ва бепарво вонамояд хешро. Зеро ҷосусони Искандар ба ҳар нағмайу усул сақич аз даҳон мерабоянд.
Искандар бо чӣ андеша бар зин нишаста, ки ҳолиё мулоҳаза дорад новақт шуда. Офтоб ба ғуруб рафта, барои сафар чандон мувофиқ набошад. Шоҳи шабрав сафари шабонаро дўст дорад, аммо мавқеъ ва мавзеи кўҳистон шабгардиро мувофиқ набувад. Ба хусус баъди шоҳи худро нобуд сохтани сатрапҳои эронӣ чашми Искандар тарсид. Хаёл мекунад, ки шоҳкушӣ домест барои дастгир кардани Искандар. Дар тангноҳо, вартаҳо, убургоҳҳои махуф роҳзанҳо, дастаҳои ғоратгар ва қабилаҳои барбарӣ метавонанд ҳар гуна лашкарро шикаст диҳанд. Ҳарчанд мамлукҳои гурезаи сипоҳи Дорои Саввум ихтиёри худ ба Искандар доданд, ў хотирҷамъ нагаштааст. Гумон дорад ҳанўз дар кўҳпораҳо зиёданд, ғам хоҳанд дод. Чун ба Бусефал нишаста буд, бозфаромадан нахост.
Зеро ҳама бор баста буданд ва ин маъво барои шабгузаронӣ ва айш чандон мувофиқ набуд. Шоҳи мақдунӣ ният дошт, ки пирўзии бузург ва ғайричашмдорро ногумон чунон тантана кунад, ки худаш донаду имонаш.
Андар сари шонаи Бусефал баргустувон қат гашта буд ва чунин ҳол Искандарро хуш наомад. Ў даст ёзида ҳамвораш кард ва ба ёд гирифт, то саисро танбеҳ бидиҳад. Вале пеши по хўрдани асб ўро дар ҳайрат гузошт. Искандар ҷилави онро кашид ва фармуд: «Кўр шудӣ? Ё пир шудӣ? Ё наълат рехта, сумат суда гаштааст? А? Ё ягон пешомадро донӣ? Чу! Ҳушёр биист! Ҷонвар!
Ҳалоли ту бод! Мақдуниё куҷову Порсу Эрону Гирканиё куҷо? Асбони дигар чандин бор нав шуданд. Чун ту рамузфаҳм ва размиву ҷангӣ ҳастӣ, дар зарурат ребу фиребро медонӣ, туро иваз кардан нахоҳам. Мо дугоник ҳастем ва бо ҳам рустаем. Вале ҳолиё пеши пой хўрданат чӣ маънӣ дорад? Нохуна шудайӣ магар?» – Искандар чунон сухан мекард, ки ҷуз худашу Бусефал касе садояшро намешунид.

пешина
аз 411
навбатӣ