Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Гилагузорӣ кори пирзанон бувад ва таъна задан кори номардон!
Агар муроди мо таслим шудан буд ва ё Искандарро бо нону намак пешвоз гирифтан, метавонистем андар дарвозаи мағрибии Порс ин корро бикунем! Чун нияти мо ватандорист, набояд ба иғвойу дасисаи ҷосусон, ватанфурўшон, дайюсон ва хуносоҳо гўш бидиҳем!.. Ёрони ман! Мо бояд ба номи сатрапи Суғд Спитамони диловар номае бифиристем. Аз ў хоҳиш кунем, ки бо мо бисозад ва иттифоқчиёнаш – масагетҳову скифҳову сакоиҳоро ба ватандорӣ бихонад, то мулк сумшиббаи хориҷиён нагардад!
Осиёи Бузург хору забун нашавад!
Майдон гўйӣ замбўрхона шуд. Касе чизе намешунид ва касеро боздошта намешуд. Сотибарзан ором кардан мехост ононро.
Сотибарзан: Сипоҳиён, сарбозон! Сарони ҳарб! Низоми ҳарбиро риоя кунед! Мо бояд муттаҳид бошем! Мо бояд муттафиқ бошем! Андаке гўш диҳед! Хоҳем, нахоҳем, ҷуз Бесус касе нест, ки номусбардор бошад. Ў ҳолиё Бесус набувад! Ардашер бувад!
Сарвари мо шоҳи Порс...
Фратофарн: Сотибарзан дуруст мефармояд... Аммо... аммо беҳуда бувад: шоҳигарии Порс ва шоҳаншоҳии Эрон кайҳо насиби хориҷиён гашта. Чаку мўҳр дар дасти Искандар аст ва ў аллакай бо мўҳри Доро ба гўшаву канори Порс номаву руқъа ирсол кунад.
Ҳоло барои номи баланди шоҳи Порсро соҳиб гаштан аввал Искандарро нобуд бояд кард, сонӣ мақдуниёну юнониёнро аз кишвар бояд ронд.
Сотибарзан: Ин корро ҷуз Ардашер касе карда натавонад.
Фратофарн: Бошад! (Низ равон шуд аз паси Набарзан.) Аз пас садои Бесус меояд.
Бесус: Умед ба шоҳи бегона набандед! Миёни сипоҳи Искандар низ ноҷўриҳост! Сарбозони мақдуниву юнонӣ норозианд аз ў!
Онҳо ёди ватан кунанд ва нафрат хонанд ҷангро! Моро фирефта, то ин дуриҳо овард, гўянд!...
Фавҷҳо, дастаҳо, гурўҳҳо ва ҳар касе, ки тамошо пиндошта, омада буданд, ангуш-ангушт, ваҷаб-ваҷаб, қадам-қадам дур мешуданд. Ба д-он мемонд, ки овезаи остинчашакли орувони қаҳркарда, рафида-рафида аз ҳам ҷудо шуда, аз пайи модинаи шўрида мераванд. Гўё модинаҳои зиёд барои манзил ҷангида, ҳар кадом оилаи нав сохтанианд ва ҳеҷ муросо накунанд бо ҳам.
Набарзану Фратофарн низ ҷудо аз сипоҳ гаштанд ва сўйи асбҳо рафтанд. Онҳо ба сарбозони фавҷи хеш чизе нагуфта, савори бораҳо шуданд ва сари онҳоро ба роҳе гардониданд, ки омада буданд. Онҳо ду савори рўгардон сўе рафтанд, ки офтоб рафта буд ва охирин нури он қуллаҳои дурро зардӣ дошт. Ду савори ҳаминон аввал суроб шуданд, тарҳ гаштанд, сиёҳӣ монданд аз худ ва фурў рафтанд зери пардаи шом.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё