Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Худо қурбонӣ карданӣ ҳастӣ, беҳтар аз худат қурбоние нахоҳад буд!»
Карахт шуд шоҳ рўйи бистар. Бистарашро тартар кард. Чашми боз сўйи сақф дўхт. Мижа таҳ намекард. Ҳаракате надошт.
Нафасгириаш равшан набуд, гўйӣ мурда... Маънии қатлу ғорату сўхтану пухтани сездаҳсоларо хаёле дарёфт, ки барбеҳуда буда ҳама. На танҳо мардум, балки фариштагон низ «бале» нагуфтанд.
Ин ваҳй, ин огаҳӣ аз куҷо ва кадом самт буд, надонист. Пиндораш коҳинони дурўғгўйи маъбади Сиваю Бобул ҳолиё чунин фармуданд, ки замоне ба писари худо будани ў ваҳй оварда буданд аз номи худои Аммон.
Шах сахт бувад, садои касро айнан баргардонад. Шах сахт бувад, путк занӣ, бозпас тела диҳад. Искандар ҳанўз ҳам дарку фаҳм накарда ин чизро. Огоҳ набувад аз ҳафттуи Осмону Замин; пиндораш ҳамин сақфи пасти назарфиреб ва он гунбади минўйӣ болопўши ўст, ки эмин дорад аз ҳар бурду бало. Фаромўш гашта таълимоти «накўкорӣ»-и Арасту. Искандар гоҳ-гоҳ аз рўйи омўхтаи устоз некўйӣ карданӣ мешуд; он кор на чунон ки Арасту фармуда буд, балки ба хотири худфурўзӣ ва худнамойӣ мешуд ва андак рафтори нохуб ва ноҷавонмардона рўйи он ҳама некиҳо бо пардаи сиёҳ мепўшид.
Ҳолиё ҳайратзада аст шоҳи мақдунӣ, ки дунё ҳама ҳеҷ. Чашм дўхта ба боло, ки яли ялон ва саркашу худрой ба чунин зудӣ мутеъ гашта ба андак беморӣ, ки насиби муфлисон, гуруснагон, кўдакони бепарастору бебизоат бувад. Абарқудрат медонист хешро. Ба пури худо будан иктифо накарда, хешро худо хонд, вале оҷиз пеши дарде, ки ҳаргиз шоҳону дороёнро начаспида. Шояд ин дард он дард набошад. Агар дар корзор мурда буд, ғаму аламе надошт, вале чунин ҳақир, нотавон ва ночиз гузаштан аз дунё шоҳеро чу Искандари Мақдунӣ ҳузнангез бувад ва аламовар.
Чашмони шоҳ Искандар зайле ки дида бар Осмон дошт, пўшида шуданд. Ҷаҳон туи чашмонаш фурў монд. Дидаву кардаҳои сивусесолааш низ... Ва чашми рўз накафида кушода шуданд чашмонаш, ки дунё тор асту зулмонӣ, гўйӣ фано пазируфта олам.
«Дигар маъние надорад зиндагӣ.» Аз дил гузаронд шоҳ.
Вале чун андаке болида дарёфт хешро, дасту пой ҷунбонд, хешро бо зўру мадор дарёфта, майли хестан кард. Ўро рухсат надод ҳаким. Шоҳ наъра зад: «Дунё пурра дар тасарруфи мо нест!
Бояд шустушў кунам! Қурбониҳо созам ба роҳи худоён! Дунё ба умед!!!»
Ҳукми подшоҳ воҷиб – чунон кард, ки мехост. Вале кароҳат дошт дилаш, ки на моли хешро, балки моли касонро қурбонӣ кард. Оё худоён бипазиранд?

пешина
аз 411
навбатӣ