Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Оне хештанро осуда ва болида дарёфт ва Неархи дарёгардро хонд:
— Омода ҳастӣ, Неарх?
— Оре, шоҳ!
— Боз се рўз омодагӣ бигир. Флот бояд ба баҳр барояд.
— Шоҳ чӣ ҳол доранд?
— Беҳӣ бинам... худоён мадад кунанд... Ман низ ба баҳр бароям...
Ва аммо ба баҳр набаромад шоҳ. Гоҳе ки солиму баҳуш буд, ба ҳама чиз сарфаҳм мерафт; хомўшии пеш аз тўфонро медонист, лекин «хонаравшанкунӣ» гуфтанӣ ҳарфро нашунида буд. Нерўи вопасини ў ба ҳамин мазмун рост меомад. Ва шоҳ ҳанўз умеди ҷаҳонгирӣ дошт:
— Фардо сафинаҳо рўйи баҳр барорӣ, Неарх. Ҳамин тавр?
— Оре, шоҳ! Фардо киштиҳои сипоҳиён, пасфардо киштиҳои мо...
— Киштиҳои мо... ҳммм... Чунин умед дорӣ, Неарх?
— Аз падархудоёни шоҳ Искандар чунин умед дорам...
Искандар хомўш монд. Сар андохт. Орому сокит истод.
Неарх пиндошт, ки боз гирифт дарди шоҳ. Дасту по хўрд ва чӣ кор кардану чӣ гуфтанро надонист.
— Паси дар кист?
— Ҳама дар паси даранд, шоҳ; чӣ солорони сипоҳу чӣ худи сипоҳ ва табору хидматгузорону канизакон...
— Геракл низ?
— Оре шоҳ, ҳама.
— Ба чӣ кор омадаанд?
— Нигаронанд, то шоҳ бапо шаванд ва ҳама сўйи Мақдуниё роҳ паймоянд.
— Оҳҳҳ... Чӣ мушкил бувад...
— На, шоҳ... Зиёда аз ҳазор сафина омода гашта...
— Шояд бардаҳоро, асиронро, занону духтарони порсиву суғдиву бохтарӣ ва ҳиндиву бобулиро раҳо кунем... то сабук гардад сафарамон?
— Рой шоҳро... Ҳамин қадар равшан аст, ки ҳазор киштӣ кам бувад...
— Неарх... Агар раҳояшон кунем, ба Мақдуниё чӣ барем?
— Сару тани дурусти шоҳи мақдуниро.
—... Ин қадар гарм аст ин ҳаво?... Ин рўд нафаси серун ҳам надорад.
1
— Бисту ҳафтуми десия шоҳ. Гармтарин фасли сол.

  1. 12 июн.
пешина
аз 411
навбатӣ