Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳарчанд гуфтаниҳои зиёд дошт ва ё ҳар яки онҳоро ба ҷаллод супориданӣ буд, худдорӣ кард. Рафту омад, рафту омад ва якбора қарор истода садо дардод:
«Ҳар кас хоҳад, ки ўро чун зан истифода баранд, аз сафар даст кашад!»
Ҳоҷат ба ҳарфи зиёд намонда буд. Сафбудагон баробар сар андохтанд ва дигар на садои Искандар меомад ва на садои онон. На танҳо дар сафи онҳо, балки дар тамоми артиши мақдунӣ ва фавҷҳои кирояву зархарид хомўшӣ ба миён омад. Искандар кирдору рафторҳои дурушттар ва сахттаре дошт, аммо даҳонӣ ба сарбозон чунин муроҷиат кардан бори нахуст рух дод. Ў дигар суханҳоро сари забон оварданӣ буд: «Шумо зархаридон ба умеди зар то ин ҷо омадед, чун саломат мондед, шукр накардед, ҷайбатон пур шуд, рўйи заро дидед, ватан ба ёдатон омад, бо кисаи пуру рўйи сурх назди табори хеш гаштаниед...» ва боз ҳарфҳои дигар. Аммо нагуфт Искандар, ки ба назараш пеши он гуфтааш сабук метофтанд дигар ҳама.
Як кас наёрист ба рўйи ў нигарад ё сухан гўяд. Майдон чунон орому хомўш буд, ки садои дури рўд шунида мешуд. Аз чунин оромии дилгир худи Искандар дар шигифт монда, майдонро, ҷайшу сипоҳро, корвониёнро аз чашм гузаронд ва мушоҳида кард, ки баъзеҳо чун дар пўсти хеш намегунҷанд. Баъд гўйӣ кайҳо боз сўҳбат дошта бошад, фармуд:
— ...ва ҳар кӣ ҷойи Бусефалро донаду нагўяд, сари найза хоҳам бардошт!
Ҳама ба якдигар суоломез нигаристанд ва бо тааҷҷуб китф дар ҳам кашиданд. Ва ҳеҷ гоҳ шоҳи ҷавонро чунин пурғазаб, ошуфта ва тезхун надида буданд. Баъзеҳо пиндоштанд шоҳ дунёи ба даст овардаашро бозпас дода, роҳи рафтро гум карда, ҳолиё чун шери хашмӣ ғуррад. Бархе андешиданд, ки аз падар Искандарро чизе мерос намонда ва аз моли дунё танҳо Бусефалро дорад, аз ин рў чунин ғашу олуғдагӣ кунад. Рост ояд, Бусефалро ба хироҷи мамлакат бихарад.
Искандар ишора кард, то ҳама гирд оянд. Дар як он гирди ўро таниданд. Шоҳ аз шасту ғазаб нафаромада, фармуд:
— Роҳи мо дигар хоҳад шуд! Ман ба Мағриб рў оварданӣ набудам, вале барбарҳо коре карданд, ки хокашон безам! Ҷони ман дар сумҳои рўйини Бусефал бувад! Ҳамин чизро дониста асби маро рабуданд! Андеша накарданд, ки зану фарзандонашонро хоҳам бурд!
Ва Искандарро бадгўй диданд. Ба ҷунбиш омаданд. Барои он ки фурсат аз даст наравад, Искандар маҷлисбозӣ накарда, фармон дод:

пешина
аз 411
навбатӣ