Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Фавҷҳои сипаҳсолор Кратеру Аминта, дастаи камонварон ва гурўҳи саворон ба Тапурия роҳӣ шавад; фавҷи Эргӣ ҳамроҳи саворони хориҷӣ корвони бузургро сарвариву раҳнамойӣ мекунанд, ман ҳамроҳи дўстонам бо роҳи душворгузар, вале кўтоҳтар бо тапуриҳо ва мардиҳо зудтар вохўрдан мехоҳам...
Ва дастаи мунтахаби Искандар баъди роҳпаймоиҳои пурмашаққат канори рўди кўҳӣ омаданд ва хайма заданд. Манзил ноошно буд ва касе намедонист чӣ пеш меояд. Искандар посу нозиронро қавӣ гардонд ва огоҳ низ кард, ки бепарво набошанд.
Ва дар ҳар нуқтае сиёҳие метофт, мефармуд рафта бинанд, шояд Бусефал бошад. Зеро Искандар бо касе унс нагирифта буд чунин, ки бо Бусефал.
Дастаи хурде қадди рўдакро боло шуда омад ва талоя пайк овард Искандарро. Ва ў фармуд бисанҷанду биоранд. Дидбон боздошт ононро ва сарпос, онҳоро дер надошта, хабар овард:
«Автофрадат, шаҳрдори тапуриҳо!»
Искандар ишораи даст кард, то рухсат бошад. Автофрадат аз дур пиёда шуд ва пеш омад. Ва Искандар ўро дар пардасарой пазируфт. Ҳарчанд сатрап шоҳро хушомад мегуфт, дили шоҳ кушода набуд. Ҳолпурсӣ накарда, гуфт:
— Дуздонат асби маро дуздиданд.
Автофрадат безобита шуд ва дастон ба ду тараф кушода, гуфт:
— Ин аз имкон берун аст, шоҳ...
— Берун ё дарун, ман намедонам. Ба ҳар ҳол дуздиданд... вагарна ман ин ҷониб омаданӣ набудам. Аз пайи Бусефал омадам.
Чун пайдо шавад, хоҳам баргашт.
— Тапуриҳо чунин одат надоранд, шоҳ. Магар мардиҳо бошанд.
— Кистанд он мардиҳо?
— Қабилаи кўҳнишин ва сарҳўй ва тороҷгар... Касеро итоат накунанд.
— Бинамо моро!
Ва Автофрадат ба андеша рафт. Хеле дандон соид, ангушт мушт кард ва фармуд:
— Тапуриҳо низ шояд ҳавас карда бошанд.
— Чӣ гуна ҳавас?
— Ҳаваси аз Бусефали шоҳ Искандар насл гирифтан. – Ва афзуд: — Ин хел орзумандон зиёданд; яке аз худи Искандар насл гирифтан армон дорад, дигаре аз асби ў.
Искандар табассум кард ва фармуд:
— Агар ин рост аст ва Бусефал зинда, ҳама гуноҳҳоро хоҳам бахшид.
Автофрадат ба ёронаш нигарист ва сар аз пардадар берун оварда, якеро даъват кард ва садои пурсаш омад:

пешина
аз 411
навбатӣ