Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Он галаи биёбон, ки беқарорӣ дошт, галаи кӣ буд?
— Ба назарам галаи мардиҳо. Онҳо ҳар сол дар ин ҳамворӣ модиёнҳои худро ба гушн меоранд.
Искандар аз шунидани чунин сухан ковок шуд аз ҷой ва Автофрадат ба сарой надаромада пурсид:
— Дур аст?
Чун сатрап донист, ки шоҳ аз сўҳбати онон бохабар шуда, посух дод:
— Дур нест, аммо чап аст. Ба ҳамворӣ бояд фаромад ва боз ҷониби кўҳ бояд рафт.
Искандар дигар қарор истода натавонист ва фарёд зад: «Битозед!»
Ва Искандар ба кандану ҷамъ овардани хайма нигарон нашуда ба асби ҳамранги Бусефал нишаст ва баумед саисро фармуд, ки зину банди Бусефалро бигирад ва ҳамроҳи саворони тапурӣ ба роҳ даромад. Роҳ миёни биёбонро бурида мерафт то доманаи кўҳ. Аз дур Автофрадат галаи асбонеро нишон дод, ки андар ҳамвории доманаи кўҳ хол-хол метофтанд ва дар ҳаракат буданд. Чун бесаброна наздик омаданд, сатрапи он вилоят Автофрадат гуфт:
— Агар ба гала айғири бегона пайдо шавад, чунин беқарорӣ ба миён ояд.
Дили шоҳ Искандар бардошта шуд ва гўшаи дили гирифтааш равшан гашт ва асби зери пояшро пошна зад.
Гала аз як сў ба сўйи дигар баробар мерафт ва баробар пас мегашт. Ду асб – яке сиёҳу дигаре саманд қад ба қад рост мешуданд ва даҳон ба даҳон мегаштанд, то зўрӣ кунанд, вале дар ҳаво дастак зада боз ба замин мефаромаданду ба гарданхойӣ медаромаданд ва чун зўр ояд, пушт ба ҳам гардонида лагадҷуфт мезаданд. Ва дигар асбон гирд мегаштанд атрофи онҳо ва чун канор раванд, дигарҳо низ мерафтанд канор.
Искандар тахмин кард аз дур, ки Бусефал аст. Зеро реб додану зўрӣ карданҳояш ва рангаш Бусефалро мемонд. Чун Саманд низ бузургҳайкал менамуд, бар Бусефал зўрӣ кардан мехост. Баногоҳ асби сиёҳ чӣ коре кард, ки гоҳи қад ба қад шудан Саманд ниҳоят баланд ҷаҳид ва харнояш ба даҳони ў омад. Сиёҳ гулўи Саманд шервор гирифт ва дер дошт. Саманд ҳарчанд сар меҷунбонд, ки раҳо кунад, Сиёҳ сар намедод. Пасон вазни Саманд пурра бар сиёҳ бор шуд ва дигар он бори гаронро бардошта натавониста хам хўрд, аммо гардани асб раҳо накард. Саманд афтид ва дароз ёзид, он гоҳ Сиёҳ сар доду чароғпоя шуд ва сум зад бар саманди хуфта.
Пасон сиёҳ дум боло карда, сайҳа кашид пирўзиёна ва хешро афшонд, ки аз об баромада бошад. Арақи танаш пош хўрд. Ў кишна карда, назди модиёне рафт, ки сапед буд ва тозаранг ва зебо чун арўс. Бўй кашид. Фўк боло карда, дандон намуд. Бозӣ кард ёлу думашро боло карда ва баъд савор шуд арўси сапедпўшро. Ёлаш як ваҷаб боло хеста, аз гардани модиён бўсида буд ва аз ду канори даҳонаш хун метаровид ва гардани модиёнро ранга мекард.

пешина
аз 411
навбатӣ