Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Ва ҳанўз дашна андар шикамаш халида. Танаш хунин, либосаш хунин, замин хунин, ҳама ҷо хунин. Ва ин замон ба назараш тамоми замину замон сурх тофт – хунин. Ў бори нахуст дид ва донист, ки размгоҳ баъди ҷанг чун мешудааст. Мурдаи шоҳ чӣ қадру қиммат доштааст ва умуман шоҳ ё гадо, сипаҳсолор ё сипоҳӣ андар набардгоҳ ва пеши тир, найза, туфанг, шамшер ва дигар олоти набард кӣ будааст. Дар тамоми умраш оне чунин андешид ва ҳамон замон фаромўш гашт.
— Биҷўед!... Пайдо кунед!
Амр чунин буд. Пасон ғамиву шикебо бар сари ҷасади шоҳи Порс хам шуд, чашмони бози ўро дида, меҳрубонӣ кард: молиду пўшонд. Саропойи ўро аз назар гузаронида, либосҳои фохири шоҳиро мушоҳида намуда, сахт ғамзада ба атроф нигарист, барои тасаллии дили хеш оҳи пурдард кашид. Чунон менамуд, ки ба марги шоҳи Порс на, балки барои рафъи хастагии роҳ оҳ кашид. Чашмаш ба мурғони фазо афтид, ки абри сиёҳ шуда, ҷувозак мегаштанд.
«Ҳаромҳо!»
Гуфт ў. Дигарон надонистанд, ки мурғонро мегўяд ё кушандаҳоро.
«Ҳаромхорҳо!»
Яқин, ки инаш барои мурғон буд. Вале чаро алам аз мурғон ситониданист, касе намефаҳмад.
Шоҳи кўтоҳсалтанати пурташвишро ҷасад рўйи реги нарм хобониданд болорўй. Боз чашмонаш кушода шуданд. Мўйлаб ва риши кўтоҳи сихии шоҳ оғишта ба хун буд ва хуни аз даҳон омада, шояд аз талвосаи зиёд андуда бар рўй буд ва дашна бар шикам дошт. Ва Искандар маънии ханҷар дар шикам доштани ўро нафаҳмид. Гумонаш барои дидани дигарон задаанд ва ё аз осемасарӣ фаромўш кардаанд дашнаро. Ва касе намедонист кӣ карда ин корро. Искандар боз ба атроф нигарист, ки шояд касе зинда монда бошад ва донад ин ҳама рухдодро, аммо касеро надид ҷондор.
«Қирёсро гўед!»
Амр буд. Вале равшан набуд, ки чаро Искандар барои каси мурда ҷаллодро хоҳад. Шояд пўст канад куштаро. Шоҳи мақдунӣ агар Дорои Саввумро зинда дарёбад, равшан набуд бо ў чӣ кунад. Танҳо ў донад чӣ кор карданро. Аммо ҳолиё мебурранду медўзанд, ки Искандар чун ҷаллод мехоҳад бар сари мурда, шояд қассобӣ кунад куштаро: сар гирад, пўст канад ва ё коре кунад, ки касе накарда.
Қирёси ҷаллод онҳоеро, ки девор гирифта буданд аз ду ҷониб, бар зада, омад назди Искандар. Ў ишора кард ба ҷаллод ва Қирёс ба сари мурда рафта, андаке муддат нигарист ба ў ва зону зад назди майит. Таъзимро мемонд зону задани ў ва ҳамагон монданд ҳайрон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё