Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ба ишораи сар намуд Искандарро. Гўё як кори оддӣ бошад, мижааш хам нахўрд ва китф дарҳам кашид.
— Намедонам, кори ман галабонӣ. Ман набудам, нав омадам ва ҳоло фарқ накардаам, ки асби бегона миёни модиёнҳост. Пас айғири мо куҷост?
Сатрап чизе нагуфт ва ҷониби асбоне нигарист, ки гирд омада асби хуфтаро бўй мекарданд. Галабон чизе нагуфта, он сў асб ронд ва самандашро хуфтаву афтида дида, худро аз асб партофт, чамшони кушодаи онро дида, оҳ кашид..
Он тараф Искандар мушоҳида мекард, ки Бусефал чун бо модиёни сапед унс гирифта ва аз он ҷудо намегардад. Хуш омад Искандарро ва ҳама ғазабу ошуфтагиҳо паст шуд.
Саис зину банди Бусефалро пеш бурд, аммо асб худро ва саисро ношинос дониста, сўйи ў як нигоҳ кард ва баробари модиён сум зад. Искандар ин ҳолро дида, хандид: «Ишқ, муҳаббат!»
Саис кашол буд аз паси асб ва модиёни сапед онро байни асбон мебурд.
Галабон он сў сари асби мурда нишаста гиря мекард. Искандарро шинос буд ин ҳолат; низ дўст медоштааст асбашро. Назди онҳо рафт ва ба Автофрадат гуфт:
— Ўро фаҳмон, ки ман низ мисли ў гиристам. Вале гиряи маро касе надидаст.
Галабон сар бардошт ва аз гиря бозистода, гуфт:
— Ту пайдо кардӣ асбатро, вале ман зинда карда наметавонам.
— Ман дидам, ки асбат қаҳрамонона мурд, дар ҷанг ҳалок гардид. Ба душмани зўр тан додан лозим.
— Чӣ хел? – ҳайрон пурсид ў.
— Ҳамин хел. Ҳама диданд он ҷангро. Асбат Бусефалро душман дониста, бо вай ҷанг эълон кард. Аз рўйи рашк. Барои ана он модиёни сапед. Ҳар ду баробар қад ба қад шуданд. Ҳайкали асби ту баланд буд, вазн бар Бусефал андохт, ки пахш карда кушад, Бусефали размдида аз гулўи вай гирифт.
— Ман гумон кардам, ки кори гург аст. Ҳарчанд медонистам, ки зўри гург ба Саманд намерасад. Чӣ бояд кард?
— Ман намедонам. Ту бигўй. Товон хоҳӣ, товон диҳам.
— Товон? Магар ҳамон ошиқи арўси сапедро...
Ва ин замон Бусефал ҳамроҳи модиёни сапед давр гашта, пешпеши саис наздик ба онҳо омад. Тану сағриву рон ва гарданаш харошидаву хунӣ буд ва аз хуни ў модиёни сапед нақшин гашта..
«Бусефал!»
Фарёд зад Искандар ва асб бозистода, сўйи соҳиби овози шинос нигарист. Модиёни сапед низ бозистода, ба Бусефал нигоҳ кард. Саис наздик омада, аз ёлаш дошт. Вале Бусефал кишна карда, аз дасти ў раҳо ёфт ва боз ҳамроҳи модиёни сапед гурехт.

пешина
аз 411
навбатӣ