Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Искандарро ёд омад замоне, ки тойро сараву савора мекард. Низ азоб буд. Вале ҳоло Бусефал ноз дорад, ки зиёд монда шудааст ва соҳибонашон гузоранд, ки меҳру садоқаташро ба маҳбубааш нишон диҳад. Ва шоҳ Искандар ҳама нияту орзўи асбашро аз рафторҳои ў хонда, ба галабон гуфт:
— Ана асбони мо, якеро ҷудо карда ба товони асбат бигир. Боз як асби дигар бигир, ки мо маҳбубаи Бусефалро низ мебарем.
— На. Шумо меҳмон будаед. Мо кўҳистониҳо аз бозии ҳайвонҳо ё ҷанги онон товон талаб намекунем... Фақат як муддат асбатонро монед, модиёнҳоро тозад. Насл гирем.
Искандар розӣ шуд. Бусефал аз модиёни сапед ҷудо намешуд ва дигар модиёнҳоро бўй ҳам намекард. Дар ин муддат Искандар хуб фикр кард ва рў ба галабон овард:
— Пас, Бусефалро ба ҳамин ният дуздиданд?
— Ман огоҳ нестам.
Ва ин замон аз доманаи кўҳ чанге бархост ва дастаи саворон аз зери чанг падид омад. Онҳо чаҳорнаъл меомаданд ва пурсу посухро намедонистанд
— Онҳо мардиҳо! – гуфт Автофрадат, ки пештар шарҳашонро гуфта буд. Ва ба галабон фармуд: – Бихез, пеши роҳашонро бигир ва бифаҳмон, вагарна хуб нахоҳад шуд.
Галабон аз сари мурдаи асби саманд хест ва даст бардошта садо кард, то онҳо бозистанд, вале онон гўш надода, аллакай галаро ангехта буданд ба гурез ва давр мегардониданд асбонро.
Якҷоя бо асбон ҳуҷумовар шуданд меҳмонони нохондаро. Онҳо тиру камон низ доштанд ва нимлангҳо дар пушт пур аз тир буд.
Пўшокашон ба либоси ҷавони галабон монанд, аммо ҳар кадом шероза дар пешонӣ баста ва пари мурғе бар фарқ зада, ки пари уқобро монад. Аммо ба назари Искандар пари каргасҳоро мемонд ва ғаши ўро меовард. Шамшери охта ҷавлон доданд. Искандар ҳанўз амр ба ҷанг накарда, Автофрадат бо дастааш ба ҷанг даромад. Мардиҳои ҷангара писанд накарданд тапуриҳоро, ки то ин рўз гоҳ-гоҳ ғамашон медоданд.
Искандар ишора ба саворони мунтахаби хеш кард. Онҳо овехтанд ба ҷанг ва дар муддати кўтоҳ асбу тохтовардагонро ҷониби кўҳ ронданд. Ва ҳамин зайл ҷанг сар шуд миёни мардиҳои кўҳистону дастаи саворони Искандар.
— Дасту пойи ин мардӣ бубандед ва ҳамроҳи галааш нигоҳ доред! – ба саисон амр кард Искандар ва аз паси дастаи ғоратгар шуд.
Ин замон аз сўйи биёбон чанге бархоста буд баланд, ки гўйӣ рўйи офтоби бурҷи Шерро пўшиданӣ буд. Искандар як назар дид он чангро ва пиндошт, ки фавҷҳои Кратеру Аминта меоянд.
Чун корзордида буд, ба сараш зад, ки шояд дастаҳои ғоратгари кўҳистонӣ бошанд. Аз ин рў амр ба фавҷи хеш кард, то чандон пеш нараванд.

пешина
аз 411
навбатӣ