Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Малламўй буд ва гурз бар шонааш хўрда, ки даст ҷунбонида наметавонад.
«Порс?» – пурсид Искандар.
Сар ҷунбонд марди нимбисмил.
«Мақдунӣ?»
Боз сар ҷунбонд он мард.
«Юнонӣ?»
Ҳамчунон сар ҷунбонд ў. Ва Искандар беқарор шуд:
«Кистӣ охир!? Эронӣ? Бобулӣ? Эллинӣ?»
Ва ба аломати тасдиқ сар ҷунбонд он мард.
«Эллинӣ?»
Ба ишораи чашм тасдиқ кард марди нимҷон ва Искандар ба сари мақсад омад:
«Шоҳ Дорои Саввумро кӣ кушт?»
Мард чанд бор мижа таҳ кард, ки гуфта наметавонад. Вале зўр зада лабонашро нимкоф кушода, пуф-пуф нафас баровард:
«Бе... Бе... Бе...» ва ҳар бори кўшиш карда ҳарфро гуфтанаш дам мегирифт ва ба чашмони Искандар менигарист, ки фаҳмид ё на.
«Шояд Бесус бошад?» – фармуд нафаре ва марди нимбисмил сўйи ў чашм дўхт.
«Бесус?» – пурсид Искандар ва он мард боз мижа таҳ кард:
«Ҳа.»
Искандар қомат афрохт. Алам кашид. Ва боз ба мурғон нигарист. Ҳай сўйи замин гардан ёзида ба мурдагон менигаристанд ҷонварони бадрў.
— Димитриус куҷост!? – табиби хонадони шоҳиро хост Искандар ва аз сари мурдаи Дорои Саввум садо омад:
— Ман дар ин ҷо, Александр! – посух дод табиб, вале номи ўро ба забон гирифтанаш шоҳро хуш наомад.
«— Ман дар ин ҷо! – сухани табибро талха дода масхараомез гуфт ва фармуд: — Табиб бошӣ, ин маҷрўҳро бояд табобат бикунӣ.»
Димитриус тез гом зада, омад назди ў ва марди нимҷонро муоина кард. Агарчӣ дасташ ба кор буд, аммо андешааш дигар ҷо буд. Ў ҳеҷ сарфаҳм рафта наметавонист, ки чаро Искандар душманро ин қадар эътибор диҳад. Зеро лак андар лак дўстон миранд, сипоҳиёни мақдунӣ ва ё юнонӣ нобуд гарданд, ўро парвое набуд, як сарбози нимбисмили адў ба ваҷд овардааст ўро. «Андешаву пешбиниҳои ўро худаш нафаҳмад, касе сарфаҳм намеравад.»
Сахт задаанд. Ба гурз ва ё ба ягон чизи вазнин, ки китфи чапи ўро фаровардааст. «Чӣ гуна муолиҷа кунам ин сарсахтро? На раг мондаву на пай.» Димитриус либосҳои ўро бо теғ буридаву дарида, китфу дасти кашоли ўро ба ҷояш оварданӣ мешавад ва маъюб дандон ба дандон монда, чашмонашро пўшида, худдорӣ мекунад аз фарёд ва ҳайрон, ки чаро душман барои сиҳатии ў кўшиш дорад.

пешина
аз 411
навбатӣ