Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Филипп низ омад, табиби низомӣ. Дукаса китфи ўро боло бардошта, ба ҷояш монданӣ шуданд. Зери дасти Филипп устухони шикаста маълум гашт. Маъюб дилшикаста нигарист ба онҳо, ки чӣ кор мекарда бошанд. «Азоб надиҳед, азобам аз ҳад гузашта...
Танҳо сафари роҳ бас бувад. Фармонбардориам бадтар аз ҳама гуна шиканҷа бувад. Хубаш, маро ба ҳоли худам гузоред, осуда мурам. Маро дубора куштан ҳоҷат надорад. Буд-набуд сиҳат шавам ҳам, маро бо пурсу ҷўйи зиёд аз нав мекушанд ва намегузоранд, осуда умр бинам... Ман медонам шуморо: барои пурсу посух маро сиҳат карданӣ ҳастед; шумо додгару ман додхоҳ. Искандар мемонад, ки мани зархарид, ки аз баҳри падару модар ва зану фарзанд баромада, толону фунт гуфта, муқобили ў ҷангидаам, орому осуда гардам? Ҳама сирру савдоро дониста мегирад ва миёни мардум шармсорам мекунад, ки ана ин номурод бар зидди мо теғ кашида буд, ба мо тир андохта буд, вале мо ба душман ҳам мушфиқ ҳастем, сиҳаташ кардем... Дигар ҳарф нест, ҳамааш барои худфурўзӣ...» «Воҳ!» – Аз дард фарёд зад маҷрўҳ.
— Сабр, бардошт... Ту қаҳрамон-ку...
1 «Ҳа-а-а... Қаҳрамон... Барои чанд фунт қаҳрамонӣ мекунам...
Қаҳрамонӣ мекунам сар бохтанамро надониста...»
Ва онҳо намефаҳманд андешаҳои ботинии ўро ва зўр мезананд, ки ҷо ба ҷо кунанд устухони шикаставу пайванди баромадаро.
«Азоб надиҳед!» Рў турш карда, ангушти дасти чап мушт гардондани ў чунин маънӣ дорад. «Азоб надиҳед, азоби ҷанг кам набуд.» Вале ҷуз худаш касе намешунавад фарёди ўро.
Ва аз худ рафт. Мурда ё зинда буданаш аён на. Лекин хоҳиши Искандар он аст, ки ў ба забон ояд. Ба забон ояд, гуфтор кунад ва баъд...
— Мурад, мемурӣ!
Ҳайрон шуд ҷаллод, ки ҳеҷ гоҳ чунин нашуда, ки шоҳ ҷаллодро фармони зинда гардонидан дода бошад. Ҳама умр ў амри кушро ба ҷо овардааст, имрўз ҳукми зинда гардониданро ба ҷо оварда метавониста бошад. Чӣ зарурате?
— Шунидед? – ба табибон саргўшӣ кард ҷаллод, ки зиндаву мурдааш на ба ҷаллод, балки ба онҳо вобаста бошад. Онҳо посух нагуфтанд. Машғул ба кори хеш буданд. Вале Филипп тоқат накард.
— Ту ҷаллодӣ, Қирёс, зинда гардонидан кори ту набошад.
— Ин нуктаро ман медонам, ту ин матлабро ба Искандар фаҳмон, то ҷони ман ҳам эмин бошад.

  1. Фунт – пули нуқра, 1 фунт = 409,5 гр.
пешина
аз 411
навбатӣ