Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Чу Хуршед андар миёнаи бурҷҳои Хўшаву Тарозу маъво дошт, Искандари ноогоҳ аз фаслҳои сол, бавижа ағбаҳои барфгири Ҳиндукуш лангар андохт дар Ориё ва шаҳракҳои он. Сарбозон ба кор бурд, то дар паҳлўи Ортакбон шаҳраки Искандарӣ бисозанд. Тўли як моҳ шаҳрак бисохтанд шитобзада ва шоҳи мақдунӣ айш ронду фароғат кард. Ба куштану сўхтану хароб кардан шод буд чун лашкаркаши пирўз; ба хўрдану нўшидану айшу ишрат шодком буд чун шоҳи оламгир.
Вале ў гумон надошт, ки айши ширини ўро талх мекунанд.
Пайк омад, ки Барзаентро дастгир карда оварданд. Сатрапи вилоятҳои Дрангиён (Зарангиён) ва Арахозиё, ки ҳамроҳи Сотибарзан бар зидди фиристодагони Искандар шўрида буд, сўйи Ҳинд фирор кард ва ҳолиё ҳиндувон ўро ҳамчун қотили шоҳкуш ва балвогари кўрнамак дасту по баста пешкаш ба Искандар карданд. Шоҳи мақдуниро боз як баҳона пеш омад, то садоқати хешро дар шахсияти Дорои Саввум собит гардонад ва мардумро рўшан шавад, ки Искандар ғаддору ноинсоф нест; шоҳони Порс ва касони номдорро қадр хоҳад кард. Пеши мардум дар бораи балвои Барзаент чизе нагуфт, то аён нагардад, ки Искандар қасд меситонад, балки эълом дошт ширкати Барзаентро дар куштани шоҳ Доро. Пасон ҷаллодонро пеш хонд ва имои бурут кард сўйи Қирёси сарҷаллод. Ҷаллодон пеши назари мардум сар карданд пўст канданро аз тори сар ва гўшу биниву лабро пўст дониста бо теғи тез тулумӣ мефароварданд, то коҳ ҷой кунанд дар он пўст; васаки Барзаент пеши назари мардум бошад, то донанд, хиёнат ба шоҳ чӣ оқибат дорад. Ҳамчунон шуд. Барзаент дод мезад ва ҳиндувонро дашном медод, ки хиёнаташ карданд. Ў аз эшон паноҳ ҷуста буд, онҳо ба ҷойи ёрӣ хиёнат карданд... Хун мезаҳиду мешорид аз ҳама ҷойи зиндасалх; дасту теғи ҷаллодон сахт хунин буд ва онҳо зуд-зуд об мегардониданд дасту афзор, боз пўст меканданд. Панҷаҳои дасту пой ва тухму мардинаи маслух ба пўст омада буд ва ҳанўз Барзаент ҷон меканд...Ҷаллодон пўстро коҳ ҷой карда, васак сохтанд ба шакли сатрап Барзаент ва онро андар дарвозаи шаҳр гузоштанд чун кайфару подоши хидматҳои ў.
БАНДИ НЎҲУМ
Сотибарзан ба лашкаргоҳи Бесуси Бохтарӣ нарасида дар роҳ
дучор омад бо корвони дунболагарди мақдуниён. Гумоштагони
Искандар Эргии сарфавҷи саворон ва сардори фавҷи пиёдагон
Қорун раҳбалад ва сорбону қофиласолор буданд. Корвон беохир буд ва фавҷу дастаҳои Эргиву Қорун зиёд. Сатрапи порсӣ
Сотибарзан баробари дидани корвону гурўҳҳо даступо хўрд ва
пиндошт Искандар пешгардон омад ба пархош. Аммо корвонро
дида яқин кард, ки сипоҳи мунтахаб ва фавҷҳои асосӣ нестанд, балки думи сипоҳи мақдунист ва авҷ кард, то бо онон овезад ва пирўз омада бори корвон бирабояд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо