Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

хору хасу хазонҳои сўхтаву носўхта; аз тафси оташ кафидану паридани сангҳо ва бисёр нағмаҳое, ки вобаста ба оташ аст, ҳавасангез буд шоҳи ҷавонро. Дарозо тамошо кард ва ҳам ба худиҳову ҳам ба тори шах будагон гўшона зад:
— Танҳо оташ тавонад сўзад ҳама гуна ҷурму гуноҳро! Вагарна гоҳи ҷанг некӣ бадӣ зояд! Чунон ки дидем! Замони набарду овард раҳм ва некӣ набояд кард!
Ориёиҳо бо ҳазор роҳ ва доду фарёд кўшиш мекарданд ҷони хешро раҳонанд. Онҳо роҳи наҷот ҷуста хешро аз баландиҳо ба ҷойҳои беоташ меандохтанд. Зинда ва ё солим монданашон ба Худо маълум буд. Яке оташгирифта рўйи санг меғелид, дигаре бо дастони фурўзон оташи танашро хомўш карданӣ мешуд, саввумӣ миёни оташро бурида, имдодхоҳ ва таслимшуда дастони оташгирифтаро мебардошт, ки суде надошт; модарон тифл ба сина пахш карда якҷоя месўхтанд... Сенздаҳ ҳазор ҷони зинда месўхту хокистар мешуд ва яке ба дигаре ёрӣ карда наметавонист. Баъзан чанд тан якҷоя месўхтанд, вале ба тан додан ё илоҷ надоштанд ва ё ору номус мекарданд. Ва гумон буд, ки ҷони солиме монда бошад.
Ва он гаҳ ки хокистари наботу сабзаву гиёҳ ва дарахтон ва устухони одамиро бод мепароканд, Искандар рў ба Ортакбон овард. Сипаҳсолор Кратер он ҷоро низ муҳосира карда буд.
Овозаи кўҳро оташ задани Искандар замину замонро ба ларза овард. Бурҷу бораи дижро зилзила фаро гирифт. На танҳо заминларза, балки ҳар кадомро дилларза ба амал омад. Ҳимоятгарон андаруни диж ба тарсу ваҳм афтода, даст аз ҷон шустанд.
Гумон доштанд, ки ба ивази кирдорҳои Сотибарзан ва алами кўҳи оташгирифта Искандар аз онҳо қасд хоҳад ситонд. Вале шоҳи мақдунӣ коре кард, ки касе чашмдор набуд: он чӣ сарбозон гоҳи забту талаву тороҷ ғанимат гирифта буданд, фармуд ба соҳибонашон баргардонанд. Ончунон карданд. Халқон ҳайрон монданд, ки Искандар чӣ кас аст, ба дарку фаҳмаш ақли одам намерасад. Ҳам ба пошна мезанад, ҳам ба наъл; ҳам месўзад ва ҳам месозад.
Ва сўхту сохт.
Халқон бору буна ва чизҳое ки сарбозони Искандар ба яғмо бурда буданд, бозпас нагирифтанд. Зеро ононро пўзиш кардани шоҳи мақдунӣ афзунтар аз ҳама гуна молу мулки дунё буд. Шоҳ метавонист тақдири эшонро бадтар аз рўзи сенздаҳ ҳазор сўхтагони рўйи тоба гардонад. Онҳо зиддияте накарда, тори шах ҷон ба саломат бурдан хостанд. Инҳо шаҳрашон Ортакбонро ҳимоя карданӣ шуда ҳисорбанд гаштанд. Шукргузор ҳастанд, ки нафас мекашанд.
Ва аммо Искандар нақшаҳояшро тағйир дод: аз пайи Бесуси гурезон ва Сотибарзани аҳдшикан нарафта хайма зад дар ин шаҳр, то Искандарии нав бунёд кунад.

пешина
аз 411
навбатӣ