Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чун рў ба рў омад, Эргии Митилониро шинохт. Даст ба қабзаи шамшер бурд. Вале пайдо буд, ки ҳавову ҳаваси пархош надорад. Он ҷониб низ. Ва чун овозаи Анаксиппро куштани Сотибарзан ва аз пайи ў бебарор рафтани Искандарро ҳамагон медонистанд, гумон буд дастаҳои Эргиву Қорун ўро аз даст бидиҳанд ва ё то расидани сипоҳи асосии Искандар андармон доранд. Чун Эргӣ дид, ки Сотибарзан даст ба дастаи шамшер бурд, ишора ба ҷангиён кард ва онон баробар ба ҷунбиш омаданд. Корвони азими дунболагир чанде дуртар қарор истода буд...
Ду лашкари нопурра ва ё ба назар боқимондаи сипоҳи шикастхўрда рўёрў буданд ва нигарони садо дардодани шайпуру кўсу табли ҷангӣ. Вале яке ҷуръат надошт тохт оварад ба дигаре.
Сотибарзан пиндошт ин фавҷҳо танҳо барои ҳимояи корвон амал мекунанд ва шамшер боло бардошт; аломати набард буд.
Вале дирафше надошт ба рамз. Сипоҳи он тараф низ нишону дирафше надошт. Чун Сотибарзанро пойи гурез набуд, таваккул кард. Вале шумори зиёди фавҷҳоро дида, зиреҳниқоби хешро аз рўй бардошт ва сўйи Эргӣ фармуд:
— Бибояд биҷангем ба усули шоҳони каёнӣ!
Эргӣ ва ҳамроҳони ў нафаҳмиданд усулро ва Эргӣ пурсид:
— Чӣ гуна бувад он усул?
— Тан ба тан.
Эргӣ боз нафаҳмид ва боз ба ҳамраҳонаш рў овард. Онҳо низ китф дар ҳам кашиданд аз нодонӣ. Сотибарзан посух дод:
— Дар он замон шоҳон овард надоштанд, балки ялону гурдон як ба як рўйи майдон меомаданд ва меҷангиданд. Кадоме пирўз шудӣ, бурди он сипоҳ ва подшоҳ будӣ...
Эргӣ фаҳмид ва як-як ба ялону сарбозони шуҷоъ нигарист ва посух дод Сотибарзанро:
— Бошад. Бинамо ялону гурдонатро!
Сотибарзан чизе нагуфт ва зиреҳниқоби то ин дам ба дасти чап боло бардоштаро паст фароварда, пошна зад асбашро ва ба размгоҳ даромад. Эргӣ низ ончунон кард, ки ў карда буд. Асбон рў ба рў омаданд. На танҳо саворон, ба назар чунин мерасид, ки асбон чашм ба чашм зўри ҳамдигарро меозмуданд аз нерўи чашм.
Аммо ба назари Сотибарзан бораи Моҳрўйи ў на чуноне метофт, ки рўзи бо Анаксипп размидан буд. Он замон хавферо пай бурда чароғпоя шуд бар ҳаво ва дастони сапедашро бар сари рақиб кўфт ва ў зер шуд аз хонаи зин... Ҳолиё гўшҳояш афтида, майли набард надорад ва савор пай мебарад, ки асб пешомадеро эҳсос мекунад ва ишорае ба соҳиб менамояд, то беҳбудиашро бинад. Сотибарзан донист чунин пешомадро, аммо дер шуда буд. Ў талаби ҷанг кард.
Пас гаштан ё бохт аст ва ё номардӣ. Аз ин рў инон меафшонад ва рон мефишорад, то Моҳрў ҳушёр бошад.

пешина
аз 411
навбатӣ