Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Моҳрў шасти пешинро надорад ва саворро ба таҳлука меандозад.
Сипар бардошт аз кўҳаи зин, шамшер биовехт. Жўпин гирифт.
Эргӣ низ чунон кард, ки Сотибарзан. Асбон чун хурўсони ҷангӣ ён дода, сум мезаданду гирд мегаштанд. Сипарҳо пешсинаи саворонро баста буданд, баргустувон тани асбонро. Сари асбон низ зиреҳпўш. Тани Сотибарзанро ҷавшан ва бадани Эргиро зиреҳ пўшида буд. Кулаҳхўди онон низ фарқ мекард: хўди Сотибарзан қуббадор ва кулаҳхўди Эргӣ боли пушти моҳиро мемонд.
Соқпўшҳо, соидкашҳо рўйин буданд ва жўпину дашнаву камону нимлангу шамшеру сипар доштанд. Нимланг (тирдон), сипар, ғўлакандоз ва наёму шамшер дар кўҳаи зин овехта, дашна дар миён ва жўпин (найза) дар даст буданд. Чашмони барҷастаи асбон аз зери сарафзор зинда метофт. Асбону саворон асари санъатро мемонданд.
Ҳавасангез ва шавқовар буд чунин манзара. Касони дар раддаҳои пас буда, қоматашон пастӣ карда, манзараро намедиданд ва ё гуфтаҳои он ду ялро намешуниданд. Рўйи зин рост шуда ва гардан ёзида, аз қатори пеш мепурсиданд, ки чӣ гуфту чӣ кард.
Ҳама нигарон буданд, ки тақдири ду сипоҳ аз ҳунару зўри ин ду тан чӣ гуна ҳал мешавад. Пиёдагон низ якдигарро тела дода, тамошо карданӣ буданд.
Саворон гирд мегардониданд асбонашонро, то фурсати боб ё имкони зарба пайдо кунанд ва ҳуҷумовар шаванд душманро.
Найза дар дастон, ки чўбаш аз зери каш гузашта, пушт рафта.
Сипарҳо дар дасти чап. Пошна асб меронад. Ҷувозак мегарданд онҳо нимдоира. Асби Эргӣ дам ба дам кишна мекунад..
Онҳо дур шуданд аз якдигар, вале рў ба рў буданд. Асбон тозонданд, то жўпин зананд. Чун рў ба рў омаданд, найзаҳо андохтанд. Жўпинҳо ба сипарҳо бархўрда, афтиданд ба замин ва касе осеб надид. Пас шамшерҳо кашиданд. Шамшери Эргӣ аз он шамшерҳо буд, ки бобулиён бо фармуди Искандар сохта бу-
1 данд. Шамшерҳо ҷавлон карданд дар ҳаво. Асб ронданд. Асби Сотибарзан тез так накард. Асби Эргӣ чу бод парид. Сотибарзан донист, ки зарбаи сахт намешавад аз рафтори фарасаш, ба ҳимоя гузашта, шамшер сахт доштанӣ шуд. Вале Эргӣ ончунон пўлод зад, ки шамшери Сотибарзан ду шикаст. Ва ў гузаро шуд.
Сотибарзан аз алам ва ғазаб бо шамшери шикаста чунон ба гардани асбаш бизад, ки сар аз тани ҷонвар ҷудо шуд ва савораш баробари афтидани ҳаюн аз сари зин парида пеш рафт. Ў аз рўйи
- Искандар донист, ки эрониён шамшер ва теғҳои обдор месозанд, ба онон олоти ҷангӣ фармуд. Эрониён баҳона оварда, насохтанд. Пас ў ба бобулиён фармуд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо