Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

усули ҷанги тан ба тан пиндошт рақиб низ пиёда хоҳад шуд ва онон бо дашна хоҳанд ҷангид ва чанг ба чанг. Шамшери шикаста афканд, дашна аз миён кашид.
Ва аммо Эргӣ савор омад ба сари ў. Хеле баланд буд. Ба паст менигарист хашмӣ. Пасон қаҳқоҳ зад. Шамшер маяфканд. Пиёда нашуд. Бо виқор, пирўзманд нигарист ба ду ҷабҳа. Аз рафтор ва намоишаш пайдо буд, ки механдад ба ҳоли Сотибарзан. Шамшер ҷавлон занонд ва якбора дар ҳаво ронд. Садои буриданаш ҳаворо омад ва бадани ҳарифро мурғак давид. Аввалин бор пушаймон шуд, ки беҳуда кард; ба ҳарфи Бесуси Бохтарӣ гўш дод: Дорои Саввумро куштанд, исён кард ва раҳгум зад. Усули ҷанге пеш овард ба ин мақдунӣ, ки огоҳ нест аз чунин набард. Эргии сарсаворон шамшер ба фарқи сари ў бояд бизанад.
— Номардӣ ба кор наояд дар ин ҷанг.
— Яъне?
— Бояд пиёда биҷангем.
— Ҳоҳ-ҳо! Гоҳе ки исён кардӣ, мардӣ буд? Баъди побўсиҳо ва гузашти Искандаршоҳ бо найранг сари Анаксиппи диловарро аз тан ҷудо кардан мардӣ буд?
Сотибарзан посух нагуфта, садо омад:
— Макуш ўро! Чун Барзаенти балвогар пўсташ бояд канд ва ба пўсташ коҳ ҷой кард ва ба гўшташ намак пошид!
Ва Эргӣ нашунид ҳарфи ўро. Сахт шамшер ронд. Сотибарзан хам хўрду сарокалла ғелид ва теғи пўлодӣ нарасида, асбаш гузаро шуд ва ў мувозинатро гум карда, аз зин афтод ва шамшераш парид.
Ва чолок бархоста низ дашна кашид. Асбаш сайҳа кашида майли аз доира бурун рафтан кард. Асби бесари Сотибарзан дасту пой ёзида буд миёни майдон… Дам мекард…
Мубориза сар шуд аз нав. Сотибарзан ҷон гирифт ва чун хурўси ҷангӣ бол кашол кард гардан афрошта. Гирди асби мурда мегаштанд.
Эргӣ пешипо хўрд ба сари буридаи асб. Сотибарзан беҳуда карданашро дониста канортар гом зад, то гуноҳи ҷонвари беҷон бор нагардад бар дўшаш. Донист, ки гуноҳаш зиёд. Борҳо ўро пўзиш карданд: Искандар, ки ягон кушандаи шоҳ Дороро омурзиш накарда буд, ўро бахшид. Ҳамин чизро низ дарку фаросат накард ў. Инак подош чӣ шавад, намедонад.
Чун банди андешаҳо буд, баробари теғ пеш рондани Эргӣ як қад парида ба худ омад ва донист, ки пархош аст. Пархоши рўёрў.
Бояд биҷангад. Аз зери зиреҳи чашмбанд ба назараш Эргӣ хашмӣ тофт. Гўё нав дид ўро: зардинаи сапедпўсти мўйи сар бар шонаҳояш кашолро, ки аз сўрохиҳои зиреҳи ба кулаҳхўд пайвастааш бурун омада буд. Аз андоми гирифта ва зишт шуданҳояш пайдо буд, хун рехтанист. Хуш наомад Сотибарзанро ҳайати ваҳшиёнаи ў. Низ хашм гирифт бар ў ва дашна дар дасташ бозӣ кард.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо