Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Вале танаш ва дилаш намерафт ба ҷанг. Ҳолиё эҳсос кард, ки айби асби Моҳрў набуда, дар вуҷудаш тарсе пайдо шуда. Зеро аллакай се ҳодисаи нохуш шуд: найзааш парид, шамшераш шикаст, асбаш мурд... боз чӣ пеш меомада бошад? Андомаш ларзид.
Арақ баровард. Сиёҳӣ зад пеши чашмаш. «Гуноҳе кардам, гуноҳи кабира... Шоҳро куштам, соҳиби мулкро. На Худо биомурзад, на банда. Ба ҳангомаҳои Бесус фирефта шудам. Ҳамаро гўл зада будааст он харгўши тарсу. Мо бовар кардем, ки ў дар ғами Ватан аст... Ха-а-айр, агар мурдам, бурдаш. Агар зинда монда то ў расидам, донам чӣ карданро...»
«Ваъ!» ин садои Сотибарзан буд, ки ҳушаш куҷоҳо рафта аз зарбаи дашнаи Эргӣ бехабар монд. Ханҷар ҷавшани ўро сўрох карда гузашта буд ба паҳлўи чап. Аввал дашнааш афтид ба замин пасон ҷасадаш.
Дастаи камшумори Сотибарзан умед доштанд, ки мурдаи ўро бубаранд. Вале чун лашкари беҳисоби Эргиву Қорун шарти ҷанги тан ба танро риоя накарда, ҳамлавар шуданд. Онҳо ҷанозаи сардорашонро партофта, ҳар кас ба ҳар сўе, ки тавонист, гурехт.
Пайғоми бо дасти Эргии Митилонӣ кушта шудани Сотибарзани Ориёйӣ ба гўши Бесуси Бохтарӣ расид. Ва ў ниҳоят андўҳ гирифт ва баъд ошуфт, ки аз дасти ягон сатрап ё сипаҳсолор коре наомад. Ў низ чун Сотибарзан пушаймон шуд, ки беҳуда шоҳ Дорои Саввумро куштанд. Шоҳро куштанд ба умеде, ки ў шоҳ шавад ва кишварро ҳифзу дифоъ кунад аз адў. Бехабар, ки хидмати хирсона карданд Ватанро ва ёриву мадад Искандарро.


Он замон мўла ба мўла дарак омад Искандари Сониро, ки Эргии Митилонӣ кушта Сотибарзани Ориёиро. Шодмон шуд Искандар баробари шунидани ин пайк ва гўё дашна бар синааш зада бошанд, чизе халид ба рўйи дилаш. Шукуфаи шодмонӣ дар андомаш пажмурид. «Чӣ гуна бошад тақдир. Ҳанўз пушт нагардонда бадкорон ҷазояшонро мебинанд...» ва зиёд андешид аз қисмат.
Таваққуф кард аз тақдири Сотибарзан, ки дирўз пойи ўро бўсида буд. Шоҳ ўро сатрапи Ориё хонд ва ў кўрнамакӣ карда, чӣ дид...
Он қадар фикру андеша кард, ки тўлонитар аз зиндагиаш буд ва ягон таърихнигори ҳамроҳ овардааш чунин андешаро нигошта натавонад. Хаёл мекунад, ки замоне мерасад ва худи ў менигорад ҳамаро: беҳтар аз Коллисфен, хубтар аз Биталомус ва нағзтар аз дигарон; пархошашро, андешаҳояшро, пазмониҳояшро, ёд карданҳоро, меҳри ватанро, ёди кишварро, меҳри модарро, муҳаббати Барзину Гераклу гетерҳои нозанинро ва он чизҳоеро ки ҷуз худаш касе надидаву нашунидаву аз вуҷуди хеш нагузаронида. Ҳар кас ба таври худ менависад; аз рўйи фаҳмишу ҳиммат ва майлу меҳр.

пешина
аз 411
навбатӣ