Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Юнонӣ ҳеҷ гоҳ Мақдуниё ё мақдуниёнро хубтар аз Юнону юнониён наменигорад. Дили бегона ба мулки ғайр насўзад...
«Ҳа-а-а... дўш буд, ҳолиё нест он сатрапи дурў. Мазан бо ангушт дареро, ки кўбанд бо мушт даратро...» Ва сўхтори шахи Ҳисор ёдаш омад, ки оламро бўйи сўхтаи одам гирифт. Баъд ў ортакбониҳоро биомурзид, то эрониҳову бохтариҳо нафрин нафармоянд.
Шояд аз ҳамин лаҳза дар тинати ў дигаргуние ба вуҷуд омада буд, ки базми бода орост, то бифаҳмонад мақдуниёнрову юнониёнро ва шарқиёнро, ки мақсаду муроди лашкаркашиҳои ў чист. Ў ин базмро дар толори Искандарии тозабунёд гузарониданӣ буд. Чун рўйдодҳо пайи ҳам рух мезананд ва гўйишҳо беҳисобанд, базми ғайринавбатӣ орост. Ва он чӣ дар дилу мағз дошт, бирехт:
— Сипаҳбадон, сарфавҷҳо ва сипоҳиён! Ман ба Осиё на аз баҳри симу зар омадам! Балки орзуям ҷаҳонгирист...
Аҳли базм ба ҷунбиш омаданд. Ва ў рўйи курсӣ баромад, то ҳамагон бинандаш:
— Баъзе хомхаёлҳо пиндоранд, ки дунё бар тангаи тилло бунёд шуда, бархе лоадрия донанд. Аммо тангназарон оламро дар ҷайби хеш медонанд. Чун ҷайбашон аз симу зар пур шуда, дигар ҷойи заргирӣ намонда, сим аз ҷайб афганда тилло ҷой карданд; даҳонашон низ пур шуд, ҳарфе ба некӣ гуфта натавонанд ва қасдашон ин аст, ки аз нимароҳи Биҳишт баргарданд. Кӣ карда чунин носипосӣ? Дар мушхонаҳо миш-миш кунанд, чун рў ба рў оянд ё чашм ба чашм шаванд, чизе гуфта натавонанд. Зеро даҳонҳо пур.
Чун калонтар лаб во кунанд, зар резад. Пас пиндоранд Искандар низ барои зар омада. (Шўхиомез) Агар Искандар аз пайи симу зар омада, ҳанўз ба даҳонаш зарае нагирифта. Ҷайбаш низ холӣ. Гўянд
1 зари холис андар Биҳишт. Мо ҳолиё ба Биҳишт нарасидаем.
Дар нимароҳем ва аз нимароҳ баргаштан номуродист... Ман барои шумо гетиро Мақдуниё сохтам. Вале шумо Мақдуниёро аз будаш ҳам тангтар мебинед! Гуноҳи ман набувад, ки шумо дунёро танг мебинед; чашми хурўс мепиндоред... Дили танг, кишвари танг, дунёи танг касро ба мурод нарасонад. Падарам гуфта буд:
«Мақдуниё Искандарро тангӣ кунад.» Сабаби ба Саройи бекарона баромаданам ҳамин гуфтаи падарам бошад. Олам – Мақдуниё, Мақдуниё – Олам! Шумо ҳар чӣ хоҳед, биандешед... (Ист кард Искандар. Магар дам мегирифт барои ҳуҷуми навбатӣ, ки одати ҷангиаш буд.) Аз бегонагон гила надорам. Сотибарзан бегона буд, бегона монд. Шумо ҳама шоҳиди побўсии он бешараф будед. Чӣ кард?! Мо дуртар нарафта, дар баробарамон шўрид.
Ворунабахт! Агар дуртар мерафтем, чӣ мешуд? Хаёл мекунам, ки баъди рафтанамон мақдуние ё юнонии дар ин мулк монда
- Яъне Суғд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо