Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

рўзу рўзӣ набинад ва ё ҷон ба саломат набарад. Кўтоҳназарӣ, кўтоҳандешӣ умрро низ кўтоҳ гардонад! Бадӣ бад зояд... Ҳама якранг нестанд, ҳама як хел андеша накунанд. Некон дар сари мў аз нияти бад гарданд; дар сари куш даст боздоранд. Эргии родмард хушдил буд. Мо чун Эргии Митилонӣ сарфавҷҳо, ялони пирўзбахт ва қаҳрамонон дорем! Эргий қаҳрамони Мақдуниёву Осиёст! (Каф кўфтанд баъзеҳо.) Вале чӣ шуда худиҳоро? Баъзеҳо ҷангро диданд: куштанду сўхтанду бурданд. Омўхта шуданд. Чашмашон дид, даҳонашон мазза гирифт, ҷайбашон пур шуд. Кори одат шуд. Бояд идома диҳанд. Акнун мехоҳанд худиҳоро оташ зананд. Мақдуниёро сўзанд! Нааа!!! Искандар зинда. Касеро чунин имкон ва ҳуқуқ надиҳад. Агар Искандар нест ва агар Искандари Сонӣ набувад, мақдуние пайдо мегардад, ки ба қадри Мақдуниё бирасад. Хидматҳои Искандари Аввал ва Файлақуси Дуввумро тақдир кунад. Поянда бод Мақдуниё! Ҷовидона бод Искандари Аввал, Файлақуси Дуввум!
Миш-миш зиёд шуду саргўшӣ, ки чаро Искандар якбора падарашро ёд карду боло бардошт. Ҳайрон монданд. Зеро медонистанд, ки то ин замон Худоёнро падари хеш мехонд ва забонаш намегашт, то Файлақуси Дуввумро падари хеш донад. Бештар юнониҳо баногўшӣ доштанд, ки боз маҳалгаройӣ шуд. Шоҳ гумон надорад, ки юнониён низ ҳастанд ва гуфтори носипосонаи ў сахт расад эшонро. Ба ҷунбиш омаданд, вале илоҷе надоштанд. Гўё шоҳ беқарорӣ ва андешаҳои ононро пай бурд, ки садо баланд кард:
— Рухсат ба ҳамаи онҳое, ки аз нимароҳи Биҳишт вогаштанианд! Ҷавоб!!!
Ист кард, то бинад ва донад, ки чӣ андоза омода ҳастанд ба бозгашт. Як-як гардан каҷ карданд, то маслиҳат аз ҳамдигар пурсанд, аммо ҷуръати аз давра бурун рафтан надоштанд. Сиёсати Искандар дигаргуна буд. Аз ин рў балбалу ҷомҳо вопас мегузоштанд, ки заҳр шуд хўрдаҳо. Авҷи гуфтори Искандар аст. Чанд ҷоми зарин ба сар кашад, сухан гуфта натавонад. Ҳолиё бо тамоми зўр фарёд занад:
— Аршаки Порсро сатрапи Ориё мехонам!
Касе каф накўфт. Искандар ҷом баланд кард. Аршак низ.
Аммо бепарвоии дигаронро дида ҳайрон шуд, вопас фаровард ҷомро.
— Шумо дигар шудаед! – садо дардод ў. – Айби ман. Шуморо озодӣ бахшидам, ба ҳоли худатон гузоштам; тохтед, рабудед, сер шудед! Акнун гўш ба гуфти ман надиҳед. Лигоми шуморо бояд кашид! То донед, ки дунё бесоҳиб нест; ҳар кор ҳадде дорад.
— Ҷанг низ! – садои кўтоҳ омад, вале надонистанд, ки садои кӣ буд.
— Кӣ гуфт?

пешина
аз 411
навбатӣ