Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Садои Искандар буд, вале ба пурси ў касе посух надод. Оварданд, ки садои Файлотус аст. Аммо Искандар бо сари мастӣ донист, ки садо аз дигар канор омад. Зеро Файлотус наздик аст ўро дар канори чап ва садо омад аз тарафи рост. «Ё ба гўши ман чапғалат расид?» гардан ёзида ба Гемосфени чуғул фармуд Искандар.
«Чапғалат. Диққат диҳем, худаш маълум мегардад.»
Искандари сархуш ҷом афканд. Дастархонро низ рўфта, ҳама чизро чаппаву афканда кард. Донистанд, ки қиём ёфта нўши Искандар. Чун бодахорӣ ба авҷ расад ё, паймона шиканад ва ё дастархон чаппа гардонад.
— Бинавозед! Бирақсед! – амр кард ў ва аз тарабгоҳ садои табл баромад. Гетерҳои нозанин ба майдони рақс оянд, саройи ғамро тарабобод мегардониданд. Искандар чунин хислати ононро ба инобат гирифта дар лаҳзаҳои дилгиру ҳузн базми раққосаҳои хушхиромро ташкил ва худ баробарашон ба майдон омада шонаҷунбонӣ мекард ва ҳама андўҳи олам ва хурдаҳоро паси гўш медод. Вале ҳолиё чунин хислати ў ба назар намерасид, балки гўшбақимор буд ва ҳар гоҳ дур аз гетерҳо гашта, ба Кратер чизе мегуфт, ки ишора ва ҳатто сухани ўро касе намешуниду намефаҳмид ҷуз ёраш. Гетерҳо аҷаб мерақсиданд. Тойис пазмон шуда Искандарро ҳамроҳи дўстдораш Биталомуси мисрӣ рақсад ҳам, гаштаву баргашта ба ў менигарист, ки кай ишора шавад, то раҳо аз дасти шоҳзодаи мисрӣ гашта ба канори шоҳ Искандар равад.
Ва Эрис ҳангоми чархидану пасу пеш рафтан аз паҳлў ва сари китфи Файлотуси писари сипаҳсолор Пармониён дуздида нигариста ҳамаро мушоҳида мекард. Медид, ки нигоҳҳо ва ишораҳо ҷониби ў мераванд, вале ҳадафашон маҳбуби ў – Файлотуси сарфавҷи саворон аст. Эриси хубчеҳру хушандомро борҳо Искандар хонда аз нияту гуфтаҳои Файлотус пурсон мешуд, аммо раққоса ҷуз муошираву муомила дар бораи ў чизе гуфта наметавонист ва Искандар дилпур мегашт, ки пури сипаҳсолор ўро бадӣ нахоҳад.
Вале чун бадхоҳони Файлотус Кратер ва Гефестион ҳар гуна дасисаву бадгўйиҳо доштанд, сари Искандарро ҳўб мегардониданд.
Пасон шоҳ чун одат ғазабашро бо дандонсойӣ ва мушт кардани ангушт рў меовард. Оҳиста-оҳиста метафсид чунон ки дег. Оташаш баланд мешуд ва рўғани он дег дуд карда дар мегирифт ва дигар бо ҳеҷ чиз ё об онро хомўш кардан имкон надошт.
Мекалавид ў. Чашм танг карда менигарист, намешинохт; хира метофтанд сояҳо. Чизе гуфтанӣ дошт, вале чун каси дилхоҳашро намедид, дар ҳолати лояъқилӣ низ суханашро намегуфт. Рў мегардонд зуд ва чун паланги дамида омодаи ҳамла ба сайде мегашт.
Ва гетерҳои нозанин вазъи ў дида парвона ба гирдаш мешуданд, то оне ки майл ба хоб кунад ё ба гетере. Ва Барзин кам ширкат меварзад дар чунин мавридҳо ва агар бошад Искандар эътиборе ўро намедиҳад ва касе намеёрад ба рақс хонадаш.

пешина
аз 411
навбатӣ