Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Худ ба худ мепечад Барзин, баъд писараш Гераклро баҳона оварда меравад ва ё узри дигар меорад. Аммо ин бор Геракл нагузошт ў ҷое равад.
Ҳамла мекард сўйи раққосаҳо ва дасту пой мезад ва ифода карда наметавонист хоҳишашро. Гоҳе ки Искандар Файлотусро меҷуст, чашмаш ба писараш афтид, ки духтари Онаниюси тоҷир Тойиси Отинӣ аз дасти модараш Барзин гирифта ба рақс оварданӣ буд.
Шоҳ баҳонаи хуб донист, ки бо гетери соҳибҷамол мерақсад.
Калавида омад назди Тойис, ки Биталомуси мисрӣ даст сўйи Геракли кўчак бурда аз дасти гетер гирифтанӣ буд. Вале Искандар якбора даст андохта тифлро гирифт ва Геракл як хандиду чеҳрааш гирифта гиряро бардошт ва касе натавонист ўро ором кунад. Искандар пахш карда писарро ба банди дил ва даҳони бодабўяшро ба даҳони тозаи кўдак гузошта садои ўро боздоштанӣ мешуд, аммо Геракл дасту по зада ҳамаро безобита гардонд.
Барзин тозон рафт; одамонро тела додаву якбара зада, пеш омада, Гераклро аз дасти шавҳараш Искандар рабуданӣ шуд, то мастомаст ба балое гирифтор накунад. Аммо шў писарро надод ба зан ва ғуррид: «Донӣ, ки ин кист?»
— На! – қасдан посух дод Барзин, то шавҳар чӣ гўяд.
— Надонӣ, бидон, ки ин Геракл бувад. Қаҳрамони Юнон. Бояд Искандар – писари Худоро кўмак кунад дар ҷангҳо.
— Чаро Геракл? Бояд худи Худо мадад кунад писарашро...
— На. Худо фиристода Гераклро, то ў мадад кунад.
— Ба гумони ман ту худ Худо ҳастӣ...
— Чаро чунин гўйӣ? – писарро андаке пас лағжонда ба рўйи шикам овард Искандар ва ошуфтаву ҳайрон пурсид аз зан: — Магар сахт расида ягон ҳарфи ман ё ягон кирдорам?
— На.
— Рост бигў!
— Магар рост гуфта шавад?
— Чаро на? Магар ба назари ту чунин намояд, ки золим ҳастам? Ҳарфи касеро гўш накунам? Касеро ранҷу озор диҳам?
— Ман ба чунин пурси ту посух гуфта натавонам, Искандар.
Ва ҳоло ҷойи чунин сўҳбат нест.
— Ранҷидайӣ. Медонам... Ба ранҷидан ҳақ ҳам дорӣ...
— Лекин ман донам, ки ҳақ надорам.
— Чаро?
— Ба қавли худат маро аз размгоҳ пайдо кардайӣ... Бодовард донӣ маро.
— Пас дил эътибор набувад? Эътибор ақди никоҳи қонунӣ бувад?
— Оре, Искандар. Ту надонӣ, ки миёни занони корвон чӣ гўйишҳое шавад.
— Донам.

пешина
аз 411
навбатӣ