Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— На. Надонӣ... Ба вижа миёни заноне, ки аз Бобулу Эроншаҳр овардӣ. Касе намефаҳмад, ки онҳо ба кӣ лозим буданд.
— Ба ман! – ғазаб кард Искандар ва афзуд: — Ба сипоҳиён!
— Оре, ба ту. Онҳо низ ҳаминро гўянд, ки магар Искандар ин қадар дўшизагонро пухта хўрад?
— Ту чӣ ҳамзабон шудайӣ бо ман!? Магар надонӣ, ки ман кӣ ҳастам!?
— Донам ва ҳамагон донанд. Сухани ман низ аз ин бобат бувад, ки Искандар бо он ҳама донойӣ ва мартаба ва бузургӣ бояд қадри хешро донад ва шаъни худро паст назанад.
— Чӣ гуна? – Гераклро ба Барзин дароз карда ва гўйӣ бедор аз хоб гашта ва ба маънии каломи зан сарфаҳм рафта пурсид шоҳ.
Барзин писарро гирифт ва гўйӣ ҷойи ҷони Искандарро пайдо карда ба ҳарфи ў дониста посух надод ва Гераклро рўйи фарш гузошт. Пасон баъди фурсати зиёд, ки Искандар аз пас оғўшаш карда буд, гуфт:
— Маро назди модари бузургат бифирист...
Ҳарду хомўш монданд ва Искандар карахт шуда ба андеша рафт ва ўро раҳо карда, сипоҳигарона пурсид:
— Модари маро шиносӣ?
— Кӣ нашиносад модари чунин шоҳро, шоҳ Искандарро? – дониста гуфт Барзин ва маккорона идома дод: — Ҳар фарзанди инсон орзу кунад, ки мисли Олимпиада модар дошта бошад...
– Ва хомўш монд, то аз Искандар чӣ ояд. Пиндошт сари мастӣ модарашро ба ёд оварда гиря хоҳад кард, вале ёд овард, ки ў чунин ҷондоре нест. Ва афзуд: — Маро бифирист. Ман мехоҳам модаратро бинам, бузургӣ омўзам. Ў писари туро низ тарбият кунад. Ман чун ў фарзанд тарбият карда натавонам...
Искандар хандид ва гуфт:
— Маро, ки ў тарбият накарда. Олимпиада барои тарбияи кўдак вақт надорад, хуш ҳам надорад. Вале ман хоҳам, ки Геракл дар миёни обу оташ бузург шавад. Ў роҳу равиши ҷанг омўзад ва корҳои накардаи маро бикунад. Агар ман натавонистам ҷаҳон гирифтан, бояд ў бигирад.
— Кори накардаат чист, Искандар? Бигўй, то ман дониста бошам ва фардо ба Геракл расонам.
Искандар баргашта ба ў нигарист сахт ва фармуд:
— Маро куштанӣ ҳастӣ? Ё мурдани маро донӣ, ки...
— На, Искандар. Ман туро куштанӣ наям? Ягон чизро надонам ва сўиқасди касеро низ… – аз гуфта пушаймон барин осема шуд ва чӣ гуфтанро надониста, фармуд: — Шарқиён гўянд: «То бад нагўйӣ, нек пеш наояд». Борҳо гуфтамат, ки миёни занон гўйишҳои зиёде ҳаст. Онон ҳамаро медонанд. Ҳамаро мешунаванд ва ҳар сухан аз забони онҳо паҳн гардад.

пешина
аз 411
навбатӣ