Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Аз ин рў ман бад бинам онҳоро...
— Чун? – тааҷҷуб кард ва зери манаҳи ў шуда пурсид: — Искандар бад бинад занро?
— Оре, бад бинад. Зане, ки қадру қимати хешро надонад, Искандар бад бинад. Ба вижа он занҳое, ки афсона бофанд ва сухани дурўғин паҳн кунанд. Аз ҷумла зани худашро, ки бовар ба чунин суханҳо дорад.
— Искандар, ман бовар надорам ба чунин дасисаву суханҳои бофтаву шунида...
— Пас чаро чунин гуйӣ?
— Охир ман туро зуд-зуд дида натавонам... Ҳамаашро ҷамъ мекунам, ки гоҳи туро дидан гўям. Вале чун бо ту мемонам, ҳамаро фаромўш мекунам. Вале ин бор ба танг омадам ва тасмим гирифтам, ки ҳамаашро гўям, огоҳат кунам, пасон биравам назди модарат Олимпиадаи мардхў.
Искандар як навъ мот шударо мемонд ва намедонист чӣ бигўяд.
Чун Барзин зуд-зуд модарашро ном мебарад ва аз бузургию мардмиҷозиҳои ў мегўяд, шоҳ намедонад чӣ фармояд.
— Кӣ фармуд дар бораи модари ман туро?
— Ҳама гўянд: сипаҳсолорон, сарбозон, шоҳон, сатрапҳо, ҳатто занон. Тамоми занони олам мехоҳанд, ки Олимпиада бошанд.
— Зиёд ситоиш кардӣ модари маро. Хоҳӣ, фиристамат. Лекин то он ҷо нахоҳӣ расид.
— Чаро?
— Ту зани зебо ҳастӣ...
Барзин тез нигарист ба чашмони ў, ки дурўғ мегўйӣ ва Искандар худашро гум кард.
— Пас чаро дар солу моҳ туро намебинам?
— Медонӣ, ки вақт надорам.
— Бо сияҳчашмони бобулӣ, ки хунашон бо яҳудиён омехтааст, вақт пайдо кунӣ? Ба зану фарзанди хеш вақт надорӣ. Маро бифирист, Искандар, назди модарат, то нусхаи туро барам, Геракл ҳалқаи аввали силсилаи дудмони Искандар гардад.
— Ҳааа... Пас ту модари маро дидан наравӣ. Равӣ, ки меросхўрро муайян кунӣ?
— На, Искандар. Геракл туро меросхўр на, номбардор бошад.
Ман донам, ки минбаъд меросхўрон зиёд гарданд ва ту натавонӣ ҳамаи онҳоро ном ба ном донистан. Хуб он бувад, ки як-як онҳоро бифиристӣ ва модарат Олимпиада дафтар кушояд ва ҳамаро ба низом номнавис кунад. Маълум гардад, ки онҳо фарзандони Искандаранд.
— Ба назари ту онҳо бисёранд?
— Бисёр нестанд. Вале зиёд хоҳанд шуд. Ҳоло як зани бобулӣ духтар зоид, як духтари эронӣ дугонагӣ – як писару як духтар зоид, як сиёҳаки мисрӣ писар зоида буд ним сол пеш...

пешина
аз 411
навбатӣ