Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Танҳо Тойис чӣ балое дорад, ки намезояд, дигар ҳама зоиданд...
— Айби Биталомус, ки Тойис намезояд.
Барзин ҳайрон монд аз чунин ҳарфи шавҳар ва гуфтаниҳои зиёде, ки дошт, нагуфт. Вале Искандар дигар тоқати шунидан надошт, ки фармуд:
— Ту маро кӣ гумон кардӣ?
— Шоҳ. Шоҳ Искандар ва шоҳаншоҳи Эрон. Писари худоён...
Искандар таҳаммул кард ва сар андохта гўё ба андеша рафт.
Пасон сар боло карда гуфт:
— Ту худ Олимпиада ҳастӣ. Танҳо ҷуръат надорӣ. Вале дар ақлу макр бузургтар аз ўстӣ.
— Магў. Дар дунё бузургтар аз Олимпиада зане набувад, ки туро зоида. Вале бидон, ки ман макр надорам. Раҳмдил ҳастаму дилсўз ва пешомадро донам.
— Магар ту нагуфта будӣ: «То замоне, ки бо Барзин ҳастӣ, корат пешрав хоҳад шуд?»
— Оре, гуфта будам.
— Пас чаро майли ҷудойӣ кунӣ?
— Ба назди Олимпиада рафтани ман ҷудойӣ набувад. Балки бо ту будан аст ва эҳтиёт кардани Геракл.
Сар афшонд Искандар:
— Ту бисёр чизҳоро намефаҳмӣ. Гумон дорӣ, ки зиндагӣ ҳамвор аст ва ҳама чиз бояд чун рўд ҷорӣ гардад. Агар Худованд дунёро ҳамвору баробару тахт меофарид, яқин кардан имкон дошт, ки ҳама чиз тахту якмаром аст. Вале Худованд дар баробари баландӣ пастӣ ва дар муқобили ҳамворӣ ноҳамворӣ сохт, то инсон дар барову фаро андеша кунад, сар шиканад, мағз об кунад ва дарёбад, ки аз куҷо то ба куҷо...
— Рост гўйӣ, Искандар. Дунёро фаҳмидан на кори ҳар кас бувад. Ту «аз куҷо»-ро фаҳмидайӣ, аммо «то ба куҷо»-ро андеша накардайӣ.
— Чӣӣӣ!!!
—...
Барзин хомўш монд. Медонист ин садоро: тамоми ғазаб, ҷаҳл, буғзу кина ва хастагиву алами роҳпаймоиҳо ва норозигии сипоҳу сипоҳиён; гўйишҳо, талабу дархостҳо, дудилагиҳо ва қасду қасосу исёну шўру шарар ва алами беваву зани кас гирифтанаш дар ин садо фаро омада буд. Аз ҳама бадаш барои Барзин ҳамин буд, ки сари манша ба рўй мекашид Искандар аз ду бародаршўй мондани ўро. Барзин посух мегуфт: «Мекуштӣ, хубтар буд аз чунин таънаро шунидан». Аз ин рў хомўш бувад Барзин, то аз шоҳ чӣ ояд.
Ин лаҳза аз он лаҳзаҳост, ки шоҳро безобита кардан лоимкон аст. То худаш касе ё чизеро нахоҳад, ба ҳарамсарой, саропарда ва ё айшгоҳи ў наздик шудан ғайри имкон бувад.

пешина
аз 411
навбатӣ