Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Барзин нозгунҷӣ карда, ўро маст дида хеле гуфт, аммо дарёфт, ки кинояву талх гуфтанҳояш шўронд шоҳро. Садо дардод ва посбонон аз берун шуниданд, аммо ҳуқуқи наздик омада пурсидан надоранд.
Барзин бар Геракл пасрў шуд, ки хобаш бурда буд. Вале бисёр мехост ба базмгоҳ баргардад ва бирақсад ҳамроҳи гетерҳо. Бичархаду бигардад ва лўлиёна арғушт равад домон хиргоҳ гардонида ва ҳамон зайл рақсону чархон аз давра дур шавад, то бо ягон кас рў ба рў нагардад.
Ашкаш чакид ба рўйи писари хуфта, ки гоҳи садо дардодани падар як қад парида буд. Ва ҳоло ашки модар ҷунбондаш. Ва модар ашки хеш бо нўки забон аз рухсори писар лесид. Шўрак.
Аз нафаси гарму ҳаётбахши модар дар лабони писар табассум дамид. Гўё рухдоди шавқангезеро хоб медид.
Он сў рўйи бистари ноз Искандар бо сару либоси эронӣ дароз кашида буд ва нигарон, ки Барзин омада пўшокаш аз тан бадар мекунад ва тани арақзадаи ўро молидаву соида, ангезу ваҷд мебахшад. Сари ў гарон бошад ҳам рагҳои хунгардаш дамида, дар шохаҳои пушти даст ва ду чаккаи пешониаш аён мегардад, шўрида медорад ўро. Мушташ гурзона ва бояд кўбад ба ҷое.
Аммо ҳадафе нест. Пасон он нерў дар вуҷудаш дамид. Ангехту бардошт. Ва олуғдааш кард. Барзинро ранҷонидан ё озор додан хуб нест Искандарро. Зеро чун ў зане варзидаву доно набувад андар корвону сипоҳи ў. Занҳое ҳастанд, ки дилкаштаранд. Орову торо мекунанд, ороставу пероста ҳастанд; умрашонро рў ба рўйи оина мегузаронанд; ғозаву гулгуна нисфи ҳуснашон аст, аммо чун рў ба рў бо Барзин меоянд, костагие дорад ҷамолашон ва ҳарчанд кўшиши рўпўш кардани онро доранд, аз чашм пинҳон дошта намешавад. Дар чеҳраву андоми Барзин ҳама чиз худодод бувад. Аз қомат то андому чеҳраву ҳусну ранги рўй, мўю мижгону чашму абрўй, лабу дандон ва гуфтору табассум ва нозу адо ва карашма ва нигоҳаш зебост; ҳатто гиряаш. Ҳолиё шоҳ рўйболо ҳамаро канда-канда пеши назар меорад, чунон ки рўйи Хуршедро лахт-лахт абрҳо гирифта даргузар мешуда бошанд.
Ва муқоиса мекунад ҷамоли ўро бо чеҳраи гетерҳои юнонӣ, бо ранги духтарони мисрӣ, бо андоми занони бобулӣ ва хушгуфтории дўшизагони эронӣ. Ҳамаи он зебоиҳое, ки дар дигарон дидааст, дар сару рўй ва андоми Барзин таҷассум ёфтааст. «То замоне ки бо манӣ, хушбахт хоҳӣ буд.» Садо медиҳад овози Барзин дар гўшаш ва ў сар тофта ба зан менигарад, ки ҳамон зайл пасрў бар писараш хамида, дунбааш зери пироҳани ҳарири чинӣ чун дунбаи гўспанд таранг аст. Як бор сар афшонд шў. Ва нисфи танашро бардошт ва ҳамон зайле, ки Барзин истода буд, болои ў хам хўрд...

пешина
аз 411
навбатӣ