Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

БАХШИ ДАҲУМ
БАНДИ ЯКУМ
Лимни ҷавону бошарафи хелестрӣ, ки аз хонадони обрўманде буд, тоқат карда натавонист ба носозиҳо, бешарафиҳо, бавижа ба гирўдорҳои номатлуби писари Худо. Чун дар дунё одами росткору ростгў ва дилобхўр кам аст, балки нест, намедонист бо кӣ росткорӣ кунад. Ҳама мегуфтанд дар хусуси ноҷўриҳо ва ёди ватан накардани шоҳ Искандар ва дар ҳар маврид: хушиву нокомиҳо худро бўқаламун сохтани ў, вале касе ҷуръат надошт бигўяд дар рўяш. Саргўшиҳо ва миш-мишу гурўҳбозиҳо зиёд буд ва зиёдтар тарс. Лимни бебок раҳораҳ чанд бор ба Файлотуси кина гирифта гуфт шармсориҳоро, аммо аз писари сипаҳсолор дастгирӣ надид ё посухе нашунид, дилмонда гашт. Ба ёру ёвари нав ҷустан ҷуръат намекунад. Зеро Искандар чунон сохтааст, ки яке аз паси дигаре ҷосусӣ мекунад ва худшириниҳои зиёд. Чунон ки ҳама Искандарро дўстанд, ҳама ўро душмананд. Ҳатто дар гўшаи гумонаш нест, ки Лимни Димн қасд бар ҷони ў кунад.
Хусумате надошт, дилаш ба Мақдуниё месўхт, зиёдтар ҷонаш.
Аммо намеёрист ба касе чизе гўяд... Лимн баъзе андешаҳоро ҳарос-ҳарос ба Файлотус барои он гуфт, ки шоҳ Искандар аз паси Пармониёни сипаҳсолор гиппархҳо Клеанд, Ситалк ва Менидро чун ҷосусу қотил фиристода, ўро ба қатл расонд ва шояд писари сипаҳсолор ба нобудии шоҳ чорае андешад, аммо пай бурд, ки писари сарсаворон дар ғами ҷони хеш аст, сўҳбате накард бо ў; аз гуфта пушаймон ҳам шуд.
Ҷўраи ҷамолакӣ Никомахро мушоҳида кард, ки хеле гирифтор аст ба худ ва баъзан ба шўр омада, пўсташ тангӣ мекунад ба ҷонаш; аз кадом эҳсосу ҳаяҷон меларзад. Ва баъд барои донистан ва ором кардани ҷўрааш пурсон мешавад:
— Туро чӣ аҷаб, ки мепечиву меларзӣ?
— Аҷабу аҷобате набувад. Мепечаму мепурсам: чӣ балое зад моро, ки Мақдуниёи зеборо гузошта, биёбонгард шудем? Касби одамкушӣ омўхтем?
— Агар хазинаи шоҳӣ толоне медошт, мо ин касбро намеомўхтем...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо