Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Оё чашмони мо хун гирифта намемирем? Оё ба хуни хеш оганда намегардем? – ба пурси Лимн посух нагуфта пурсид Никомах ва дар чашмонаш сиришк давид.
— Ба андешаи ту чӣ бояд кард?
— Дар ин хусус андеша накардаам, Лимн. Лекин баъзан ба сарам мезанад, ки гурезам.
— Осон набувад.
— Медонам... Ва аз худ мепурсам, ки то Мақдуниёи биҳиштосо мерасида бошам? Падару модарамро медида бошам. Онҳо зинда бошанд?
— Онҳо зиндаанд, аммо то расидани мо дар чашмонашон нур намемонад, ки моро бинанду шиносанд.
— Ҳатто аз садоям шиносанд ҳам, ман розиам. Муҳим он бувад, ки ман бинам онҳоро.
— Ман чизе гуфта наметавонам, ки он рўз насиб кунад ё на.
— Росташро гўям, ба қасосгирии Искандар корам набуд. Ман барои он ба ҷанги Порс омадам, ки...
— Медонам. Гуфта будӣ, Никомах: барои зари Порс, то рўзгоратонро таъмин гардонӣ.
— Ҳо. Рўзгорамонро таъмин гардонам ва духтари дўстдоштаам Арсинояро бигирам...
— Хоҳӣ гирифт.
— На... Ин рўбоҳи зард ба наздикиҳо баргаштанӣ нест. Ў то Оби Ҳаётро нахўрад, нахоҳад баргашт. Ва то он вақт Арсиноя маро нигарон намешавад. Шавҳар мекунад.
— На. Нигарон мешавад. Зеро ҳама ҷавонон дар ҷанганд ва касе нест, ки ўро гирад.
— Пайдо мешавад, Лимн. Пирони бадхў зиёданд. Ба сад найранг духтарони хубрўро мегиранд.
— Ман ҳарфи туро ду намегўям. Бадбахтии дигар рух задааст дар Мақдуниё: занону духтарон ба дигар мамлакатҳо мерафтаанд ва ё ононро харидорӣ карда мебурдаанд. Бадбахтӣ. Дигар Искандар тамоми дороии ҷаҳонро ба Мақдуниё барад, ки он мулк обод нахоҳад шуд. Мо дар ин ҷо ҷанг мекунем, Мақдуниё дар он ҷо хароб мегардад.
— Ҳааа... Хонаи бемардина хона нест. Ту хуб фармудӣ, Никомах, лекин ба мазмунаш сарфаҳм нарафтӣ. Искандар пиндорад, ки ҳама зари фиристодаашро Антипатр ғиём кунад барои ў. Мазмун аз гуфтаҳо дар хазинаи шоҳӣ толоне нест. Чун пешин ҳанўз ҳам
1 ду ҳаштсадӣ толон хазина вомдор аст.. Антипатр донистааст, ки вопас гаштани шоҳи мақдунӣ амрест муҳол, ҳар ранге хостааст сарф кардааст ва ё саришта.

  1. Ҳаштсади қарзи падар ва ҳаштсад толон воми Искандар.
пешина
аз 411
навбатӣ