Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

— Аз рўйи шуниди ман зари Порсро барои пахш кардани ошўбҳо корбаст кардааст.
— Дуруст аст, Никомах, исёни спартаниҳоро фурў нишондан кори саҳл набуд. Искандар ҳам розӣ ба он шуд, ҳама илоҷу усулро ба кор баранд, то ошўбро пахш кунанд.
— Ба гумони ман чунин рафтори Антипатрро Искандар намедонад. Фаҳмад, ё бармегардад ва ё фалаҷ мешавад.
— Медонад... Аз шунидам Антипатр роҳи гурез пеш гирифтааст.
— Шояд... Вале он кори мо набувад. Мо бояд раҳо ёбем аз ситами Искандар.
— Нафаҳмидам, Лимн.
— Боз чанд муддат гузарад, хоҳӣ фаҳмид. Магар дар орзуи дидори Арсиноя мурдан андар канораи олам ситам нест?
— Оҳ Арсиноя! Чаро номи ўро гирифтӣ, Лимн? Хоҳам гирист.
— Бигирй, чун абр дар баҳорон бигирй. Бигирй, шояд раҳме дар дили Искандар пайдо шавад ва баргардад...
— На. Ў барнагардад. Ў замоне баргардад, ки суми асбон шиканад, попўши пиёдагон ғилбор гардад ва хуни сарбозонро шабушк макад.
— Чӣ дурандешӣ, Никомах. Ба ростӣ гумон надоштам, ки ба чунин андоза фикр мекунӣ... Вале мо танҳоем...
— Чӣ гуна танҳо, Лимн?
— Агар хоҳем, ки илоҷе карда ба Мақдуниё баргардем, кам ҳастем.
— Роҳ дорад?
— Бале, роҳ дорад. Бо сахтиҳо: яке ин ки бишўрем ҳама; дигар ин ки якдил бошем ба нобуд сохтани шоҳ Искандар.
— Ҳо-о-о... Магў, Лимн... Магўй, ки девор муш дорад ва муш
– гўш.
— Мефаҳмам. Илоҷи дигар набувад. Агар хоҳӣ, ки ба висоли Арсиноя бирасӣ, бояд чунин рафтор бикунӣ....
— Оҳҳҳ... Арсиноя! Ман ба ҳурмати ту розӣ ҳастам ба ҳама гуна кор, – ба ҳарфи ў гўш надода, андешаи хешро идома медод ошиқи раҳгум ва афзуд: — Розӣ ҳастам, ки дунёро дигар кунам, ба қурбу қадру қимати олам надиҳам туро. Аммо замин сахту осмон баланд, даст кўтоҳ.
— Агар дўст дорӣ, ҳама корро хоҳӣ кард; ҳатто аз осмон ситора орӣ. Маълум, ки ишқ на. Ҳамааш ҳавову ҳавас.
— Чӣ хел забонат гашт, ки чунин гўйӣ? Чӣ гуна ҳавову ҳавас!?
Ман Арсинояро гуфта ба ин ҷо омадам, ту ҳавову ҳавас гўйӣ!
— Чун? Чун ўро гуфта омадӣ, Никомах? Охир, ту Мақдуниёро гуфта омадӣ!

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо