Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

— На! Ман «Арсиноя»-ро гуфта омадам. Омадам, то зару зевар пайдо кунам ва баргашта ўро ба занӣ гирам...
— Ҳа-а-а... Маълум мешавад, ки ягон нафар барои «Мақдуниё» наомада. Ҳар кадом бо нияте, бо ғаразе, бо ҳадафе ва мақсади муайяне омадааст... Ҳммм... Мани гўлу гумроҳ пиндорам, ки мо Мақдуниёро обод мекунем, ин қадар зару зевари Порсро барои ободонии Мақдуниёи азиз мефиристем. Ҳайҳот! Ман дигар бо ту ҳарфе надорам. Ман дигар бо ин масъала ба касе чизе нахоҳам гуфт. Ҳама хоини ватан будаем. Мақдуниёро хароб кардем. Навбат ба кишварҳои бегона омад. Порсро, Эронро, Бохтарро, Суғдро ва баъд тамоми оламро бояд абгор бикунем.
Ман ҳама суханонамро бозпас гирифтам, Никомах. Ман нагуфтам, ту нашунидӣ. Васвасаи шайтон буд, ки ба ту чанд ҳарф гуфтам.
Дар дунё аз Искандар шоҳи одилтаре нест. Ў мазлумонро озод хоҳад кард аз ситами золимон... Ў гушнагонро нон хоҳад дод; ў шўришгаронро ба ислоҳ хоҳад овард; ў номуродонро ба мурод хоҳад расонд...
— Ту девона шудайӣ, Лимн. Ман туро чӣ гуфтам, ки ин қадар киноя занӣ?
— Ту чизе нагуфтайӣ, Никомах. Ҳамаро ман гуфтам...
— Ғазаб накун. Ман ҷўраи қадимаи ту ҳастам. Аз ман ҳарос макун. Суханонатро руйирост бигўй....
— Тавба кардам. Суханони гуфтаам ба ҳафт пуштам мерасад.
— На, ту тавба накардӣ, тарсидӣ. Аз суханони гуфтаат тарсидӣ.
Тарс бузургтарин душман бувад.
— На. Ман аз чизе, аз касе натарсам. Ман бо номи Мақдуниё зинда ҳастам. Муборизаам низ ба хотири он бувад. Пиндоштам Искандар барои Мақдуниё мубориза барад, чунон набудааст.
Ў ҳадафе доштааст, мо надонистаем. Акнун пай бурдӣ, ки чаро ман месўзам?
— Пештар пай бурда будам. Борҳо гуфта будӣ. Аммо ин бор туро намешиносам. Ҳар бор мегуфтӣ, ки Мақдуниё акнун доҳиву сарвари хешро пайдо кард. Ҳолиё мегўйӣ, ки...
— Ман девона шудаам, Никомах, девона. Бо думи шер бозӣ кардан мехоҳам, дами шамшерро бо каф доштанӣ мешавам. Фаҳмидӣ, ки чӣ беақлист?
— Беақлӣ на, ҷонат месўзад...
— Ҷонам месўзад... Ҷони ту намесўзад?
— Месўзад...
— Медонам, ки месўзад... Акнун забонамон месўзад. Чунин
1 ҳарфҳои ногумони мо ба гўши Мидос расид.
- Мидос – шоҳест золим аз Юнони қадим, ки бод гуфтаҳоро ба гўши ў мерасонад. Мурод Искандар бувад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо